Сураи Буруҷ Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Буруч Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Буруҷ Ояти 8

وَمَا نَقَمُوۡا مِنۡهُمۡ اِلَّاۤ اَنۡ يُّؤۡمِنُوۡا بِاللّٰهِ الۡعَزِيۡزِ الۡحَمِيۡدِۙ ٨

Ва ма нақаму минҳум илла ай юъмину биллаҳи-л-Ъазӣзи-л ҳамӣд. 8.

8. Ва интиқом нагирифтанд аз онҳо, магар ин ки онҳо ба Худои қодиру сутудасифат имон оварда буданд.

Яъне “Асҳоби ухдуд” айбе надоштанд, то ки дар ивази айбашон ба ин қадар азоби таърихӣ, ки то охири замон фаромӯшнашаванда боқи монад, интиқом шаванд. Фақат айби онҳо он буд, ки ба Аллоҳи яктову беҳамто, бар ҳама кор қодири тавоно ва дар ҳама ҳолатҳо ғолиб имон оварда буданд. Ба Аллоҳе, ки сазовори ҳама ҳамду ситоиш аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Буруҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Буруҷ Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Буруҷ Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)