Сураи Буруҷ Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Буруч Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Буруҷ Ояти 7

وَّهُمۡ عَلٰى مَا يَفۡعَلُوۡنَ بِالۡمُؤۡمِنِيۡنَ شُهُوۡدٌ ٧

Ва ҳум ъала ма яфъалуна би-л-муъминӣна шуҳуд. 7.

7. Ва онҳо (кофирон) он чӣ бо мусулмонон мекарданд, бо чашми худ медиданд.

Ин қиссае ки дар зер оварда мешавад аз муроду мақсади оятҳои зикршуда маълумоти муфассал медиҳад. Дар “Саҳеҳ”-и Муслим, “Ҷомеъ”-и Тирмизӣ, “Муснад”-и Имом Аҳмад ва ҳам дар дигар китобҳо дар бораи “Соҳибони хандақ” чунин ривоят аз Расулуллоҳ (с.) нақл шудааст:

“Дар рӯзгори қадим подшоҳи кофире умр ба сар мебурд. Ӯро соҳире буд солхӯрда. Рӯзе соҳири пир ба назди подшоҳ омад ва арз кард, ки соли ман ба ҷое расидааст, ба хотири он ки илмамро бо худ ба оғӯши гӯр набарам, писари донишмандеро ба шогирдии ман бигузор, то ӯро соҳирӣ омӯзам ва баъд аз сари ман туро ба кор ояд. Арзи соҳир подшоҳро писанд омад. Бо амри подшоҳ писареро барои таҳсил пеши соҳир гузоштанд. Он писар ҳар рӯз барои сабақомӯзӣ ба хонаи соҳир мерафт. Байни хонаи писар ва соҳир хонаи роҳибе буд. Роҳиб аз дини ҳаққ пайравӣ мекард. Рӯзе писар бо роҳиб рӯ ба рӯ омада, ошноӣ пайдо намуд. Рафтуомади ӯ ба хонаи роҳиб низ оғоз гашт. Оҳиста-оҳиста писар аз роҳиб низ таълим мегирифт ва ба дини ӯ ворид гашт. Ҳамаи ин пинҳонӣ сурат мегирифт. Ҳангоме ба хонаи соҳир мерафт, аввал пеши роҳиб медаромад ва аз файзи суҳбати ӯ баҳра мебардошт. Аз ин хотир, дар рафтан ба сӯйи соҳир таъхир мекард. Аз он ҷо ба сӯйи хонаи худашон низ. Соҳир ӯро мезад, ки чаро дер омадӣ, дар хона ҳам ӯро мезаданд, ки чаро дер меоӣ? Писарбача аз ин аҳвол ба танг омада, шикоят пеши роҳиб бурд. Роҳиб ӯро шунида чунин маслиҳат дод, ки агар соҳир пурсад, чаро дер омадӣ, бигӯ: “аз хона дер иҷозат доданд”. Агар дар хона пурсанд, бигӯ: “соҳир дер ҷавоб дод”. Ӯ чуноне ки роҳиб гуфта буд, рафтор кард. Рӯзҳо паи ҳам сипарӣ мегаштанд. Рӯзе дар аснои ба назди соҳир рафтан дид, ки ҷонвари бадҳайбате рӯйи роҳ истода роҳи мардумро банд кардааст. Ҳама аз ҳайбати он дар тарсу ҳарос буданд. Писарбача сангеро ба даст гирифт ва ба худ андеша кард, ки замони имтиҳони ҳақиқати илми соҳиру роҳиб фаро расид. Ва гуфт: “Худоё, агар кори роҳиб хубтар аст, назар ба кори соҳир ва агар ту розӣ бошӣ аз кори ӯ, пас бо ин санге, ки дар даст дорам, ин аждаҳоро бикуш.” Чун сангро ба сӯйи ҷонвари бадҳайбат ҳаво дод, санг ба он расид ва ҷонвар ҷо ба ҷо мурд. Мардум аз хавфи он наҷот ёфтанд. Писарбача ин хабарро ба назди роҳиб бурд. Роҳиб писарбачаро гуфт:- “Акнун ту имрӯз аз ман афзал шудӣ ва ба санҷиши душворе мубтало мешавӣ. Зинҳор аз ман чизе ба касе магӯӣ. Он чи байни мо буд, пинҳон дор!”.

Дар ин асно овоза миёни мардум афтод, ки фалон писарбачаро илми бузурге насиб гардида. Ин овоза аз даҳон ба даҳон мегузашт. Писарбача ба табобати беморон шурӯъ кард. Бо қудрати Худо ба ҳама маризон шифо мебахшид. Овозаи ӯ ба гӯши вазири подшоҳ, ки нобино буд, низ расид. Вазир ҳадяи бисёре гирифта, назди писарбача омад. Ва ба ӯ гуфт: “Маро шифо деҳ ва ҳар он чӣ ин ҷо ҳаст, бигир!” Писарбача гуфт: “Ман ба касе шифо дода наметавонам, шифодиҳанда Худои азза ва ҷалла аст. Агар ба Худои ягона имон биёрӣ ва ман боиси шифои ту дуъо кунам, шояд, ки Худованд ба ту шифо ато кунад!” Вазир дарҳол имон овард, писарбача дуо кард, Худованди меҳрубон чашмони ӯро бино намуд. Вазир ба дарбор баргашт ва назди подшоҳ ба ҷойи худ бинишаст, гӯё ки ҳеҷ вақт нобино нашуда буд. Шоҳ пурсид: “Кӣ чашмони туро бино кард? Вазир гуфт: “Парвардигорам”. Шоҳ гуфто: “Магар ман?” Вазир гуфт: “Не. Он зоте шифо дод, ки Худои ману туст.” Шоҳ гуфто: “Магар туро Худое ҷуз ман ҳаст?” Вазир гуфт: “Оре, Рабби ман ва Рабби ту Аллоҳ аст.”

Ин буд, ки шоҳ вазирро ба зиндон кашид. Ӯро мавриди азобу шиканҷаи шадид қарор дода, бо исрор мепурсид, ки ин суханонро аз кӣ омӯхтӣ? Вазир хомӯширо пеша карда, ҷавоби подшоҳро намедод. Чун вазирро тоқати таҳаммули азоби сахт намонд, пас маҷбур шуда иқрор гашту гуфт: “Он чи гуфтам, аз шогирди соҳир шунидам ва қабул кардам.” Пас, он писарбачаро бо фармони подшоҳ ҳозир карданд. Шоҳ ба ӯ гуфт: “Писарам, сеҳри ту чунон таъсири баланд дорад, ки кару гунгу нобиноро шифо мебахшӣ”.


Рӯйхати оятҳои Сураи Буруҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Писарбача гуфто: “На, шифо на ман медиҳам, шифодиҳанда Худованд аст.” Шоҳ гуфт: “Оё ман Худованди ту?” Писарбача гуфт: “На!” Шоҳ гуфт: “Оё ба ҷуз ман магар Худое дорӣ?” Писарбача гуфт: “Бале! Рабби ман ва Рабби ту Аллоҳтаъоло аст.”

Подшоҳ аз ин дар ғазаб гардида, аз ӯ пурсид: “Ин суханҳоро аз кӣ омӯхтӣ?” Писарбача ҷавоб надод. Бо фармони подшоҳ ӯро низ мавриди лату кӯб ва азобу шиканҷа қарор доданд. Ӯ ин бедодгариро тоб наоварда, аз роҳиб омӯхтанашро иқрор шуд. Роҳибро низ оварданд. Баъди азобҳои вазнину сангин чун подшоҳ дид, ки вазиру роҳиб аз дини худ намегарданд, пас амр дод эшонро аз фарқи сар бо арра ду ним карданд. Писарбача низ истодагарӣ карда, аз дини хеш барнагашт. Баъди музокира шоҳ ба ин хулоса омад, ва як гурӯҳ сарбозонро амр кард писарбачаро ба сари қуллаи кӯҳ баранд.

Агар аз дини хеш баргашт, бозпас биёранд ва агар не, ӯро аз он баландӣ ба поён биафкананд. Чун ба он ҷо расиданд, писарбача ба Худои хеш дуъо кард, ҳама сарбозон ба ҳалокат расиданд. Ӯ баргашта назди подшоҳ омад. Аз дидани писарбача подшоҳ муттаҳаййир гашта пурсид: “Сарбозон куҷо шуданд?” Писарбача гуфт: “Худованд кори эшонро ба анҷом расонд.” Подшоҳ гурӯҳи дигареро амр фармуд, ки писарбачаро ба миёни баҳр баранд, агар аз дини худ рӯй гардонд, хуб ва агар не, ӯро дар баҳр ғарқ созанд. Писарбача дуъо кард ба сӯйи Худои якто, онҳо низ ба ҳалокат расиданд. Чун сиҳат ва саломат баргашт, аз ҳалокати сарбозонаш ба подшоҳ хабар дод ва гуфт: “Эй подшоҳ, он чи ту дар ҳаққи ман мекунӣ, ҳама бефоидаанд, беҳтараш ба сухани ман гӯш бидеҳ.” Шоҳ гуфт: “Ту чӣ мефармоӣ?” Писарбача гуфт: “Мардумро ба ҷойи баланде ҷамъ кун, маро ба шохи дарахте биовез, пас аз тирдони ман тире бигиру бигӯ ба номи Худои ин писар ва тир бияндоз”. Пас шоҳ фармон дод дар баландие халқро ҷамъ оварданд, писарбачаро бар дарахте бастанд, шоҳ аз тирдони ӯ тире гирифта ба камон ниҳод ва калима арза карду тирро бияндохт. Он ба рухсори писарбача расид. Ӯ даст ба ҷойи тирхӯрда бурд ва ҷон ба Ҳаққ таслим кард. Мардум он чӣ подшоҳ ба забон овард, шуниданд. Гуфтанд: “Мо имон овардем, ба Худои писарбача”. Ба ривояте подшоҳ дар аввал калимаро паст арза кард, ки касе нашунид ва тираш ҳам ба нишон нарасид. Ба номи худ тир меандохт, ҳама тирҳо хок мехӯрданд. Билохира, ба номи Худои писарбача тир аз камон раҳо кард, тир хато нарафт. Пайравони шоҳ гуфтанд: “Онҳое, ки туро намепарастиданд, се нафар буданд, ки ба ҳалокат расиданд. Акнун ҳама аз ту рӯ гардонда, ба Худои писарбача имон оварданд. Омад он рӯзе, ки мо онро намехостем”.

Шоҳ дар ғазаб шуда фармуд, ки хандақҳо канда, онро аз ҳезум пур сохта, оташ сар бидиҳанд, ҳамчунин кӯчаҳоро банданд. Ҳар кӣ маро мепарастад, раҳо кунанд ва ҳар касе ба ғайри ман Худоеро имон дорад, ба коми оташ биандозанд. Пас, ҳама муъминонро ба хандақҳои пуроташ мепартофтанд. Дар байни муъминон зане бо кӯдаки ширхӯраш буд, ки аз хотири ҷигарбандаш истихора мекард. Кӯдаки ширхорра Худованд бо қудрати худ ба забон овард ва ба модараш гуфт: “Эй модар, сабрро пеша кун, ҳеҷ матарс, он роҳе, ки пеш гирифтаӣ, роҳи ҳақ аст.” Ба ин тифли бегуноҳ низ раҳм накарда, ӯро бо модараш ба оташ андохтанд. Шоҳ ва тарафдорони ӯ ин ваҳшониятро бар канори хандақҳо нишаста наззора мекарданд ва аз азоб додани онҳо лаззат мебурданд. Инчунин аст рафтори бехудоён дар ҳаққи мусулмонони ҳақиқӣ. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло онҳоро дар ояти 4-ӯм лаънат хонд. Валлоҳу аълам.

Мақолаи қаблӣСураи Буруҷ Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Буруҷ Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)