Тафсири Сураи Духон Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Духон Ояти 50
اِنَّ هٰذَا مَا كُنۡتُمۡ بِهٖ تَمۡتَرُوۡنَ ٥٠
Инна ҳаза ма кунтум биҳӣ тамтарун. 50.
50. Ҳаройина, он чӣ дар он шак мекардед, ҳамин аст!».
Ба фариштагоне, ки ба азоб додани муҷримон дар Ҷаҳаннам маъмуранд, ин амр содир мешавад, ки бигиред ин фоҷири лаъинро, кашеду баред ӯро ба маркази Ҷаҳаннам. Ба сараш оби ҷӯшони азоб бирезед!. Он обест, ки аз даҳону гулӯ даруну берун шуда, рӯдаҳоро аз ҳам мерезонад. Боз аз рӯи хорию истеҳзо ба он лаъин гуфта мешавад, ки бичаш ин азобро, ин барои ту иззату икроми тамом аст! Ва ин он азоб аст, ки дар ҳақиқати он шак мекардед, акнун имрӯз ҳақиқатро чашида истодаед, ҳамин ҳам сеҳр аст? Ё надида истодаед? Албатта, дар ҳоли азобу навмедӣ чунин суханҳоро шунидан ниҳоят алам болои алам аст.
Овардаанд, ки оятҳои мазкур дар шаъни Абӯҷаҳл нозил шудаанд, ки боре Расулуллоҳ (с) бо Абӯҷаҳл рӯ ба рӯ омада, ба ӯ гуфт: “Аллоҳ таъоло ба ман амр кардааст, ки ба ту ин суханро бигӯям: “Авла лака фа авла”, (яъне вой бар ту, пас вой бар ту!) Ту бадбахт ҳастӣ, ки аз ҳауиқат рӯйи гардонидӣ! Абӯҷаҳл дар ҷавоб гуфт: “Ту маро аз чӣ метарсонӣ? Ман азизи ин маконам ва бо ҳурматтарини мардумонам! Қасам, на худат ва на Парвардигорат ба ман чизе карда наметавонед!” Баъди чунин моҷароҳо дар охир Ӯ таъоло Абӯҷаҳлро дар рӯзи ғазои Бадр бо хорию зорӣ ба ҳалокат расонид. Ҳақиқати оятҳои зикршуда дар ҳамин дунё маълум шуд.
Бо тарзи тарсу ваҳм додан зикри аҳли нор ба поён расид ва оятҳои зерин аҳволи аҳли Ҷаннатро тарғиб мекунанд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «