Сураи Духон Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Духон Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Духон Ояти 55

يَدۡعُوۡنَ فِيۡهَا بِكُلِّ فَاكِهَةٍ اٰمِنِيۡنَۙ ٥٥

Ядъуна фӣҳа би кулли факиҳатин оминӣн. 55.

55. Он ҷо аминшуда ҳар меваро биталбанд.

Аҳли Ҷаннат имкон доранд, ки аз хизматгорони ин боғи фирдавс бо амонӣ, ҳозир кардани меваҳои гуногунро талаб намоянд, зеро дар Ҷаннат ҳар чӣ дил мекашад, вуҷуд дорад. Асло онҳо кам намегарданд ва ба сабаби тановули онҳо ҳаргиз нороҳатию маризӣ ба вуҷуд наояд. На меҳнат аст барои пайдо кардани онҳо дар он ҷо ва на машаққат. Ҳеҷ хатаре онҳоро таҳдид намекунад. Ҳама дар амну осоиш бошанд.

Эҳтироми аҳли Ҷаннат ба оятҳои зер идома дорад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Духон Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Духон Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)