Тафсири Сураи Духон Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Духон Ояти 8
لَاۤ اِلٰهَ اِلَّا هُوَ يُحۡىٖ وَيُمِيۡتُؕ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ اٰبَآٮِٕكُمُ الۡاَوَّلِيۡنَ ٨
Ла илаҳа илла Ҳува юҳйӣ ва юмӣт. Раббукум ва Раббу абаикуму-л аввалӣн. 8.
8. Ҳеҷ маъбуде (барҳақ) нест, магар Ӯ. Зинда мегардонад ва мемиронад, Парвардигори шумо ва Парвардигори падарони нахустини шумост.
Аллоҳ таъоло Зоте аст, ки ғайри Ӯ дигар ягон маъбуди барҳақ вуҷуд надорад. Ба вуҷуд овардану зинда гардонидану миронидани махлуқот, ҳама дар тасарруфу ихтиёри Ӯст. Ба ҷуз Аллоҳ таъоло дигар маъбуд ё Раббе, ки мавсуф ба сифатҳои ҷалолӣ ва камол бошад, нест. Ӯ чунон Зотест, ки холиқу Парвардигори шумо ва падарони гузаштаи шумост. Чун Қуръон аз назди чунин Зоти олӣ ва аз ҳама айбу нуқсону шарик пок нозил шудааст, бе шак, он мартабаи бузург дораду беандоза баландқадр аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «