Тафсири Сураи Фачр Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фаҷр Ояти 25
فَيَوۡمَٮِٕذٍ لَّا يُعَذِّبُ عَذَابَهٗۤ اَحَدٌ ٢٥
Фа явмаизи-л ла юъаззибу ъазабаҳу аҳад. 25.
25. Пас, он рӯз азоб накунад монанди азоби Ӯ ҳеҷ кас.
Яъне Худованд, ҷалла маҷдуҳу он рӯз гунаҳкоронро чунон азоби шадид кунад ва чунон сахт дар банд афканад, ки ин гуна азоби шадид ва тоқатнопазир аз тарафи ҳеҷ кас нисбат ба шахси гунаҳкор раво дида нашудааст. Ҳатто на мор ва на каждуми Дӯзах чунин азоб карда наметавонад, зеро ки ин азобҳо ҳама азоби ҷисмонӣ аст ва азоби илоҳӣ азоби рӯҳонӣ аст, ки рӯҳи гунаҳкоронро дар ҳасрат ва надомат дучор мекунад.
Дар “Ҷалолайн” оварда, ки Аллоҳтаъоло чунин навъи азобро ба дигар фариштаҳо нагузорад, фақат худаш азоб кунад. Инчунин:…
Рӯйхати оятҳои Сураи Фаҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «