Тафсири Сураи Фачр Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фаҷр Ояти 26
وَّلَا يُوۡثِقُ وَثَاقَهٗۤ اَحَدٌ ٢٦
Ва ла йусиқу васақаҳу аҳад. 26.
26. Ва бо занҷир набандад чун банд кардани Ӯ касе.
Бо занҷиру кишанг кофирону фоҷиронро дар он рӯзи пурдаҳшат ҳеҷ кас мисли Парвардигор дар банд карда наметавонад. Азобу шиканҷаи Аллоҳтаъоло мувофиқи қудрату тавоноиаш хоси худи Ӯст. Аммо барои нафсҳои покиза чунин нидо мерасад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Фаҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «