Тафсири Сураи Фачр Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фаҷр Ояти 28
ارۡجِعِىۡۤ اِلٰى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرۡضِيَّةً ٢٨
Ирҷиъи ила Раббики роЗията-м марЗийяҳ. 28.
28. Ба сӯйи Парвардигорат хушнуд шуда ва аз ту низ хушнуд гашта, бозгард.
Яъне эй соҳиби рӯҳи ором! Эй он касе ки дар дунё барои рӯзи ҷазо, аз нишондодҳои дини мубини Ислом рӯй натофтӣ ва ҳар мусибате ба сарат омад, сабр кардӣ ва ҳар давлату сарвате, ки ёфтӣ шукргузорӣ намуда, ҳаққи Худоро адо намудӣ ва ба зикру тоати Парвардигор хурсанд будӣ. Ту, ки дилдодаи Маҳбуби Ҳақиқӣ будӣ, акнун фориғ аз ҳар гуна ғам ва ташвиш ба сӯйи мақоми Қудсии Ӯ равон шав, ки Худованд ба сабаби амалҳои неки ту аз ту хушнуд шуд ва имрӯз туро хушнуд мегардонад ва ту хушнудшавандаю хушнудкардашудаӣ! Боз ин нидо дар вақти ҷон додан даррасад, ки:
Рӯйхати оятҳои Сураи Фаҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «