Сураи Фаҷр Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фачр Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фаҷр Ояти 5

هَلۡ فِىۡ ذٰلِكَ قَسَمٌ لِّذِىۡ حِجۡرٍؕ ٥

Ҳал фӣ залика қасаму-л лизӣ ҳиҷр. 5.

5. Оё дар ин чизҳо назди аҳли хирад лаёқати қасам нест?

Албатта, модоме, ки Худо савганд ёд мекунад, соҳиби ақлу хирад дарк мекунад, ки ин аз аҳамият ва эътибор холӣ нест ва ҳам ба мартабаи баланди ашёе, ки ба онҳо савганд ёд шудааст далолат мекунад. Сабаби қасам ёд кардани Аллоҳтаъолоро оятҳои минбаъда кушоду равшан месозанд. Аз ояти баъдӣ маълум мегардад, ки ҷавоби қасам пӯшидааст, яъне қасам ба Рабби ин ашёи панҷгона, ки албатта аҳли куфр мисли қавми Од ва ё дигар золимоне, ки дар оятҳои зер баён шудаанд азоб дода мешаванд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фаҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фаҷр Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фаҷр Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)