Сураи Фалақ Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фалак Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фалақ Ояти 3

وَمِنۡ شَرِّ غَاسِقٍ اِذَا وَقَبَۙ ٣

Ва мин шарри ғосиқин иза вақаб. 3.

3. Ва аз бадии шаб, ҳар вақто ки торик шавад.

Дар ин оят амру фармони Аллоҳтаъоло бар Пайғамбари Худ (с) расидааст, ки аз бадии шаб, ҳар вақто ки маҳтоб ғоиб ва торикӣ ба дунё ҳукмфармо шавад, махлуқоти зараррасон мисли даррандагон, хазандагон, ҷинон, дузду ғоротгарон дар ҳаракат шаванд, ту, эй Ҳабиби Ман (с), аз ин ҳолатҳо дар ҳазар шуда, аз шарру зиёни онҳо аз ҷавори Раҳмати Парвардигори хеш паноҳ талаб намо, на аз ғайри Ӯ. Инчунин:..


Рӯйхати оятҳои Сураи Фалақ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фалақ Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фалақ Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)