Тафсири Сураи Фалак Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фалақ Ояти 4
وَمِنۡ شَرِّ النَّفّٰثٰتِ فِى الۡعُقَدِۙ ٤
Ва мин шарри-н-наффасати фи-л-ъуқад. 4.
4. Ва аз бадии занони нафасзананда (ҷодугар) дар гиреҳҳо.
Дар ин оят Аллоҳтаъоло фармудааст, ки аз бадии занҳои сеҳргар, ки риштаҳоро гиреҳ мекунанду дар он гиреҳҳо нафасу дам меандозанд, то ки бандаҳои Худоро зарар расонанд ё зану шавҳарро аз ҳам ҷудо созанд, ё алоқаи зану шавҳарро банданд, ба Парвадигори худ паноҳ бар. Сеҳри соҳирон, чуноне ки дар ояти 102-юми сураи “Бақара” гузашт, ба инсон таъсир дорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фалақ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «