Сураи Фалак Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фалак Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фалақ Ояти 5

وَمِنۡ شَرِّ حَاسِدٍ اِذَا حَسَدَ ٥

Ва мин шарри ҳасидин иза ҳасад. 5.

5. Ва аз бадии ҳасудон, ҳар вақто ки ҳасад баранд».

Ва, эй Муҳаммад (с) паноҳ бар ба сӯйи Парвардигори хеш аз шарри ҳасадхӯрандагон (мисли Лабид ибни Аъсам) Дар ривояте омадааст, ки Лабиди яҳуд бо ҳамроҳии духтаронаш ба воситаи як хизматгор якчанд дандонаи шона ва мӯйи сари Он ҳазрат (с)-ро пайдо намуда, дар ресмоне 11 гиреҳ андохта, дар ҳар гиреҳе сӯзан, дандонае аз шона ва мӯи он ҳазрат ниҳода, дам андохта, ҷоду намуда, онро дар зери санге дар як чоҳ пинҳон намуданд. Ба ривояте ҳазрати Расули Акрам (с) то муддати 6 моҳ назди модарҳоямон рафта натавонистанд.

Баъди 6 моҳ Худованд он сеҳргар, сеҳр ва ҷойи онҳоро ба воситаи малоик ба Расули Худ (с) дар хобаш нишон дод. Он ҳазрат (с) ба ёронаш фармуд ва он ресмонро оварданд. Худованд Ҳабибашро ба хондани ин ду сураи муборака амр намуд. Ҳангоме ки ҳар як оятеро аз ин сураҳо мехонд, яке аз он гиреҳҳо кушода мешуд ва Расули Худо (с) дар худаш як сабукие ҳис мекард. Чун ҳамаи оятҳои ин ду сура хонда шуд, ҳамаи он гиреҳҳо кушода шуд. Он ҳазрат (с) аз ҷояшон бархостанд, мисли ин ки аз банд озод шуда бошанд. Ба ҳамин мазмун дигар ривоятҳои дароз ҳам ҳаст, лекин мо ин ҷо мухтасарашро овардем.

Инчунин паноҳ талаб кун ба сӯйи Парвардигори худ аз захми чашм, чунки он асар мекунад. Дар таъсири захми чашм шак ва шубҳае нест.

Хулоса: ҳасад бадтарин сифатҳои инсон аст, зеро бухлу туғёнро ба миён меорад. Инсон набояд ҳасад барад, балки аз Худо талаб кунад, ки мисли неъматҳои ба касе додааш, бар ӯ низ ато кунад.

Аввалин бадкориҳои ҳаёти олам низ аз ҳасад сар шудааст. Ба ёд оред қиссаи Ҳобилу Қобилро ё ҳазрати Одаму шайтони лаъинро. Шайтон бар Одам (а.с.) ҳасад кард, рондаи даргоҳи Илоҳӣ шуд. Аз ин рӯ, аз ин хулқи бад “ҳасадбарӣ”, ки бар сари ҷамъияти инсон оқибатҳои нохуш меорад, ба куллӣ даст кашидан лозим аст. Ҳасад бурда, “оҳу-воҳ” кашидан нодуруст аст. Ба ҷойи ин “Мошоаллоҳ” гӯед, чашматон ба касе ё чизе таъсир намекунад.

Поёни сураи “Фалақ”. Ва лиллоҳил ҳамд.

Адибе гуфтааст.

Ҳасадро оташе дон, ки чун барафрӯхт,
Ҳасуди лаъинро ҳамон лаҳза сӯхт.
Гирифтам ба сурат ҳамдин шавӣ,
Ҳасад кай гузорад, ки ҳамдин шавӣ?


Рӯйхати оятҳои Сураи Фалақ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фалақ Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нос – Тафсири Осонбаён (Қуръон)