Сураи Нос – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нос – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нос 114-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 6 оят иборат аст.

Ин сураи муборака паноҳ гирифтану паноҳ бурданро ба Раббул Арбоб аз шарри душманони сарсахт, мисли Иблису ёрдамчиҳои ӯ чӣ аз инс бошад ё аз ҷин, ки онҳо васвасаю иғво байни мардум меандозанд, таълим медиҳаду баён месозад.

Худованди мутаъол Қуръон ин китоби бузурги азимушшаънро бо сураи “Фотиҳа” ибтидо карда, бо муъовазатайн (ду сураи паноҳҷӯӣ) хатм бахшид. Дар ин ҷо ҳусни ибтидо ва ҳусни хотима як ҷо чунон ҷамъ шуданд, ки дар ҳусну ҷамол беназир аст ва ин дастуру таълими Қуръон бар мост. Бояд инсон дар ҳар коре бо ёрдам ва мадади Худои таъоло шурӯъ кунад ва дар ҳама вақт дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ аз Худованди карим бошад. Қуръони азизу карим ин дарсро бар мо меомӯзонад. Шояд аз ин сабаб дар аввали Қуръони карим сураи “Фотиҳа” ва дар охири ӯ ин ду сураеро, ки паноҳбариро бар мо таълим медиҳанд, ҷой дода шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нос «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фалак Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нос Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)