Сураи Фатҳ Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фатх Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фатҳ Ояти 29

مُحَمَّدٌ رَّسُوۡلُ اللّٰهِ‌ ؕ وَالَّذِيۡنَ مَعَهٗۤ اَشِدَّآءُ عَلَى الۡكُفَّارِ رُحَمَآءُ بَيۡنَهُمۡۖ ‌ تَرٰٮهُمۡ رُكَّعًا سُجَّدًا يَّبۡتَغُوۡنَ فَضۡلًا مِّنَ اللّٰهِ وَرِضۡوَانًا‌ۖ سِيۡمَاهُمۡ فِىۡ وُجُوۡهِهِمۡ مِّنۡ اَثَرِ السُّجُوۡدِ‌ ؕ ذٰلِكَ مَثَلُهُمۡ فِى التَّوۡرٰٮةِ ۛ ۖۚ وَمَثَلُهُمۡ فِى الۡاِنۡجِيۡلِ ۛۚ كَزَرۡعٍ اَخۡرَجَ شَطْئَـهٗ فَاٰزَرَهٗ فَاسۡتَغۡلَظَ فَاسۡتَوٰى عَلٰى سُوۡقِهٖ يُعۡجِبُ الزُّرَّاعَ لِيَـغِيۡظَ بِهِمُ الۡكُفَّارَ‌ ؕ وَعَدَ اللّٰهُ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ مِنۡهُمۡ مَّغۡفِرَةً وَّاَجۡرًا عَظِيۡمًا ٢٩

Муҳаммаду-р-расулуллоҳ. Ва-л-лазӣна маъаҳу ашиддау ъала-л-куффари руҳамау байнаҳум. Тароҳум руккаъан суҷҷада-қ ябтағуна фаЗла-м миналлоҳи ва риЗвана. Сӣмаҳум фӣ вуҷуҳиҳим-м мин асари-с-суҷуд. Залика масалуҳум фи-т-Тавроҳ. Ва масалуҳум фи-л-Инҷӣли ка заръин ахраҷа шат-аҳу фа азараҳу фастағлаза фастава ъала суқиҳӣ юъҷибу-з-зурроъа ли яғӣза биҳиму-л-куффар. Ваъадаллоҳу-л-лазӣна аману ва ъамилу-с-салиҳати минҳум-м мағфирата-в ва аҷран ъазӣма.29.

29. Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст ва ононе ки ҳамроҳи ӯянд, бар кофирон сахтгиранд ва бо ҳамдигар меҳрубонанд. Онҳоро дар рукӯъ ва саҷда мебинӣ. Фазл ва хушнудии Ӯро хосторанд. Аломат асари саҷда дар рӯйҳои онҳо намудор аст. Ин аст сифати достони онҳо, ки дар Таврот мазкур аст ва сифати достони онҳо дар Инҷил чунин аст: Онҳо монанди зироъате ҳастанд, ки шохаи худро баровард, пас, онро қавӣ кард ғафсшуда, пас, бар пояи худ устувор шуд, зироаткунандагонро ба шигифт (тааҷҷуб) овард, то ба сабаби онҳо кофиронро ба хашм орад. Ваъда додааст Аллоҳ ононеро, ки имон оварданд ва амали солеҳ кардаанд, аз онҳо (барои онон) омурзиш ва музди бузург аст.

Ин Расулест, ки номи ӯ Муҳаммад (с) аст. Ӯ Расули барҳақ буда, аз сӯйи Ӯ таъоло барои ҳидояти башар фиристода шудааст. Саҳобагони Расули Худо (с) одатан бар куфр сахтгир ва дар миёни худ меҳрубонанд. Касеро бинанд, ки хилофи дини онҳост, аз худ салобат ва сахтгирӣ нишон медиҳанд, аммо чун касеро мувофиқ ба дини Худо бинанд, нисбат ба ӯ раҳмату меҳрубонӣ зоҳир месозанд. Бо бародарони ҳамдини худ даст дода ё оғӯш кушода, салом мекунанд. Ай шунаванда, мебинӣ, ки онҳо шабҳо рукӯъу саҷдаи бисёр ва ибодати афзун намуда, раҳмату фазли Парвардигори худро металабанд. Рӯзона барои ривоҷи дини Аллоҳ чун шери майдон шукӯҳу салобат доранд. Дар симои онҳо аз бисёрии саҷда ва намози таҳаҷҷуди шабона аломате ҳувайдост. Нуру хоксорӣ дар онҳо дида мешавад. Ин сифатҳои онҳо дар дигар китобҳои осмонӣ ба мисли Тавроту Инҷил ҳам баёни худро ёфтаанд. Ҳатто баъзе аҳли китоби ғайри мутаассиб ба чеҳраҳои ин саҳобагон назар карда, қасам мехӯрданд, ки онҳо мисли шогирдон ва ҳавориён (ёрони дувоздаҳнафараи) ҳазрати Исо (а) ҳастанд. Ӯ таъоло ин саҳобагонро ба зироате монанд кардааст, ки аз замин сар зада, тани худро дуруст карда, ба тадриҷ қувват гирифта, ғафсу сершохаву барг мешавад ва соҳибони худро дар тааҷҷуб меорад. Ин як мисоле аст барои осон намудани фаҳмиши хонанда. Аслан дар ибтидо Расулуллоҳ (с) танҳо буд. Баъдтар инсонҳо яке паси дигар имон оварда, Исломро дастгирӣ карданд, сониян гурӯҳ-гурӯҳ ба дини Аллоҳ шомил мешуданд. Ин ҳамон зироати баёнгардидаро мемонад, ки ба тадриҷ устувору пурқувват мегардад. Кофирон ин гуна ривоҷу равнақи дини Худоро дида, дар ғазаб гардида, ҳасад мехӯрданду мегуфтанд: «Дар як муддати кӯтоҳ шариъати Муҳаммад ин қадар рушду такомул ёфта аст»? Ҳамаи ин аз рӯйи ҳасаду нотавонбинияшон буд, бинобар ин саҳобагони киромро азият медоданд. Вақте ки саҳобагон бо чунин сифатҳои олӣ дар Қуръон ёд мешаванд, ҳукми касоне, ки ба онҳо ҳасад бурда, онҳоро мазаммат, ғайбат ва дашному озор медиҳанд, чист? Албатта, чунин ашхос рофизианд.

Аммо шахсоне, ки имонро бо амали солеҳ як ҷо ҷамъ намуданд, омурзишу аҷри бузург ва ризқи каримро дар Ҷаннати пурнаъим соҳиб мешаванд. Ин ваъдаи Аллоҳ таъоло аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фатҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Дар бораи фазилати саҳобагон дар ҳадис омада, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Қасам ба Зоте, ки нафси ман дар тасарруфу қудрати Ӯст, агар ҳар яки аз шумо мисли кӯҳи Уҳуд аз тилло садақа диҳед, баробари мадди онҳо шуда наметавонад». Мад чаҳоряки соъро гӯянд. Яъне 600 грамм, ки камтарин садақа бар соилу гадоён аст.

Худовандо, ризои Худ (ҷ)-ро ва муҳаббати Расули Худ (с)-ро ва муҳаббати саҳобагони Расулатро бар мо арзонӣ дор! Омин!

Поёни сураи «Фатҳ» валиллаҳил ҳамду вал миннаҳ.

Мақолаи қаблӣСураи Фатҳ Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳуҷурот – Тафсири Осонбаён (Қуръон)