Тафсири Сураи Хучурот – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи «Ҳуҷурот» дар Мадина нозил шуда, 49-уми сураи Қуръон буда, аз 18 оят иборат аст.
Ин сураи карима барои тарбияи ахлоқи ҳамидаи онҳое, ки ба унвони пуршарафи муъминин соҳибанд, нигаронида шудааст. Сураи Ҳуҷурот, сарфи назар аз он, ки хеле кӯтоҳ аст, ҳақиқати тарбияи доимӣ ва асосҳои фазилату маданиятро дар бар гирифтааст. Баъзе аз муфассирон онро «Сураи ахлоқ» ном бурдаанд. Аз ҷумла, ин сура ба мавзӯи суҳбат бо Расули Худо (с) дахл намуда, фармудааст, ки ҳар гоҳе шумо муъминон бо ҳабиби Худо ҳамсуҳбат мешавед, барои таъзими қадру шараф ва эҳтироми мақоми баланди ӯ (с) одобро бояд риоя кунед. Бо ӯ бо як нармӣ сухан кунед, зеро фиристодаи Худо мисли оммаи мардум шахси оддӣ нест. Ӯ беҳтарин ва бузургтарин бандаи Худо ва сафири Ӯ таъоло барои тамоми мардуми рӯйи Замин аст. Бузургии Расулуллоҳ (с) ба дараҷае аст, ки Аллоҳ таъоло исми он касро дар радифи исми Худ ҷой додааст. Аз ин лиҳоз бар муъминон воҷиб аст, ки дар сухану хитоб ва гуфту шунид таъзиму бузургдошти Расулуллоҳ (с)-ро ба ҷо оваранд.
Дар давоми сура Ӯ таъоло ба хотири комил гардонидани одоб ба муъминон фармудааст, ки агар ахбори ҳақ исбот шавад бишнаванд. Ба суханҳои бе асли бар хилофи ҳақ гӯш фаро надиҳанд. Ба хосса аз шунидани сухане, ки аз сӯйи шахси муттаҳам ва ноодилу худобехабар садо медиҳад, ҳатман дурӣ биҷӯйед. Зеро суҳбати фоҷиру фосиқ шунавандаро ба сӯйи фисқу фасод тела медиҳад, муъминон аз он бояд дур бошанд.
Дар ин сура Аллоҳ таъоло мардумро ба сӯйи ислоҳи ду хасм то ин ки душманӣ ва адоват аз байни онҳо дур шавад, даъват менамояд,. Соддатар ин аст, ки Аллоҳ таъоло аз бандагони Худ даъват менамояд, ки барои оштӣ сохтани ду нафар ва ё ду гурӯҳе, ки ба ҳам душманӣ меварзанд, саъю кӯшиш ба харҷ бидиҳанд, то кинаву адоват аз миёнашон дур гардад. Ҳар касе ба чунин амали хайр даст мезанад, савоби бузургеро дарёфта, вазифаи худро анҷом додааст.
Мавзӯйи дигаре ки мавриди баррасии ин сура қарор гирифтааст, ин аст, ки инсонҳо бояд аз мазоҳу истеҳзо, айбҷӯӣ, бадгумонӣ ва ғайбаткунии ҳамдигар худдорӣ кунанд ва нисбат ба ин падидаҳо нафрат дошта бошанд. Баръакси ин Ӯ таъоло мардумро ба сӯйи ахлоқи писандида, рафтори накӯ, риояи одоб ва дигар фазилатҳо хондааст. Дар ҳақиқат Қуръони азимушшаън таъбирҳо ва тадбирҳои аҷиберо пешниҳод намуда, сурат мебандад, ки шунаванда, хоҳ нохоҳ, ба андеша меравад. Масалан, дар боби нафратангез будани ғайбат мегӯяд, ки ғайбаткунанда мисли он касест, ки дар муқобили шахси мурдае нишаста, он мурдаро мекушояд ва гӯшти ӯро мехӯрад, ки ин амал барои инсон бисёр нафратовар аст.
Хатми сура аз имони комил ва исломи ҳақиқӣ баҳс намуда, таъкид месозад, ки инсон дар натиҷаи амалҳои солеҳ, парҳезгорӣ, ва ба ваҳдонияти Ӯ таъоло ихлоси баланд доштан, иҷрои амру наҳйи Аллоҳ таъоло ва итоъати суннати Пайғамбар (с) ва дурӣ варзидан аз гуноҳҳо метавонад худро ва имони худро комилу мукаммал гардонад. Инсон набояд мисли арабҳои бодиянишини он давр фикр кунад.Зеро бо гумони онҳо имон фақат калима буд, ки онро ба забон меорӣ, ва амалҳо барои инсони муъмин нақше намебозанд. Ҳамин фикри хато ва ғалати онҳо буд, ки ба Расулуллоҳ (с) имони худро миннат гузоштанд…
Умед аст хонандаи ҳушманд бо мутолиъаи амиқи шарҳу эзоҳи оятҳо фаҳми худро мукаммал месозад ва дар зиндагӣ худро ба фармудаи Аллоҳ таъоло мувофиқ мегардонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуҷурот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «