Сураи Фил Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фил Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фил Ояти 4

تَرۡمِيۡهِمۡ بِحِجَارَةٍ مِّنۡ سِجِّيۡلٍ ٤

Тармӣҳим би ҳиҷарати-м мин сиҷҷӣл. 4.

4. Сангрезаҳои аз гили пухтаро бар сари онҳо меафкананд.

Партоб мекарданд ба сӯйи лашкари онҳо сангрезаҳои лои пухташударо ва он сангчаҳо монанди тири камон ба касе, ки мерасид, ҳалок мешуд. Лашкари Абраҳа ин ҳолатро дида рӯ ба гурез ниҳоданд, лекин паррандаҳо онҳоро думболгир намуда, ҳамаашонро ҳалок намуданд.

Баъзе муфассирон зикр кардаанд, ки “Сиҷҷил” калимаи форсӣ буда, онро ба луғати арабӣ кӯчонидаанд. Ва он мураккаб аз ду калима буда, мисли “санг” ва “гил”, ки ҷамъи он “санггил” мешавад ва азбаски дар ҳуруфоти араб ҳарфи “г” нест, онро табдил ба ҳарфи “ҷ” карданд “санҷҷил” шуд, ҳарфи “н”-ро ҳазф карда (аз талаффуз бардошта), ба “син” касра, (зер) доданд, дар ҳосил “сиҷҷил” шуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фил «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фил Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фил Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)