Сураи Фотиҳа Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотиха Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотиҳа Ояти 4

مَٰلِكِ يَوۡمِ ٱلدِّينِ ٤ 

Молики явми-д-дин. 4.

4. Подшоҳи Рӯзи қиёмат аст.

Калимаи “дин”-ба маънои ҳисоб, ҷазо ва мукофот омадааст. “Явмиддин”-рӯзи қиёматро гӯянд. Рӯзе, ки махлуқот баъд аз миронида шудан аз сари нав зинда карда мешаванд, то ҳисобу китоб сурат гирад. Ҳар як банда аз он амале, ки тӯли умри худ дар дунё дошт, пурсида хоҳад шуд. Некбахтону парҳезгорон мукофоти амалҳои худро хоҳанд гирифт ва бадбахтон ҷазояшонро. Рӯзи қиёмат рӯзи тарсу ҳаросу даҳшат аст ва мардум аз тарси он рӯз дар ҳаросанд. Ин ояти карима барои мо, бандагон, ҳамчун як танбеҳ ва таъкидест, ки барои он рӯз ҳамеша омода бошем ва донем, ки дар он рӯз ҷуз Худованди мутаъол ҳеҷ касе аз наздикон ба доди мо намерасад. Зеро подшоҳи рӯзи қиёмат Аллоҳтаъолост.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотиҳа «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотиҳа Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотиҳа Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)