Тафсири Сураи Фотиха Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотиҳа Ояти 5
إِيَّاكَ نَعۡبُدُ وَإِيَّاكَ نَسۡتَعِينُ ٥
Иййока наъбуду ва иййока настаъин. 5.
5.(Парвардигоро) фақат Туро ибодат мекунем ва фақат аз Ту ёрӣ мехоҳем.
Дар фаҳмиши имрӯзиён зери мафҳуми ибодат намозу рӯзаю зикру тиловати Қуръон ва монанди инҳо дар назар гирифта мешавад. Дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Зеро онҳо ибодатҳои беҳтарин ҳисобида мешаванд. Лекин ибодат бо инҳо маҳдуд нест. Балки ҳама амалҳое, ки Худованд аз он розӣ ва хушнуд аст, ибодатанд. Ба ин хотир, агар ҳар як бандаи мӯъмин дар зиндагии худ аз фармудаи Худованд берун нагардад, мувофиқи он амал намояд, чунин бошад, ки гӯё ҳама вақт машғул бо ибодат будааст. Барои тақвият бахшидан ба гуфтаҳои боло мисоли зеринро меорем. Офаридгори мову шумо хӯрдани ризқи ҳалолро амр кардааст. Пас, агар банда аз ҳаром парҳез намояд, барои ёфтани ризқи ҳалол ҳаракат, заҳмату меҳнат кунад, қувва сарф созаду арақи ҷабин резад, ин ҳам ибодат аст. Вале набояд барои иҷрои як ибодат ибодати дигар тарк шавад. Масалан, дуруст нест бо сабаби тиловати Қуръон ибодати дигар, яъне намоз, ё зикри Худо тарк шавад. Тавре дар боло ишора карда шуд, маънои “Иййока наъбуду” – «фақат Туро мепарастему ибодат мекунем» аст. Ин аз ҷониби мо ваъдаест назди Худованд. Худо накунад, ки мо аз ҷумлаи ваъдахилофон бошем.
“Иййока настаъин” низ маънои мушаххаси “фақат аз Ту ёрӣ мехоҳем”-ро дорад.
Яъне: Парвардигоро, мо барои иҷрои ибодати Худат ёриро танҳо аз Ту мехоҳем, ба ғайри Худат, эй Парвардигор, ҳеҷ аҳаде моро ёрдаму қуввате бар ибодат дода ва пушту паноҳи мо шуда наметавонад! Албатта, ту бар ҳама махлуқҳои Худ ҳақдор ва тамоми бузургиҳо лоиқу сазовори Туст! Парвардигоро, ғайри худат моро молику соҳиб ва ёрдамдиҳандаи ҳақиқие нест!
Ин аз тарафи мо, бандагон, назди Аллоҳтаъоло ҳам эътирофу ҳам ваъда аст. Бинобар ин, ба мулоҳиза аз ояти карима чунин бармеояд, ки аввал ибодат намудан ва баъд ёрӣ хостан бамаврид аст. Пас, агар банда хоҳони ёрӣ аз тарафи Худованд бошад, бояд аввалан аз ибодати Аллоҳтаъоло саркаш набошад. Вақте ки ибодати Аллоҳро ба ҷо намеорад, пас чӣ гуна аз Ӯ ёрӣ мехоҳад? Аз ин рӯ, ҳоли банда ибодат карданро дар ҳама ҳолат (хоҳ фарохию хоҳ тангӣ) ва ёрдам пурсиданро дар тангиҳо тақозо менамояд.
Ибодате, ки дар ин оят зикр гардидааст, дар шакли шахси танҳо набуда, балки дар шакли ҷамъ омадааст. Мурод ин ҷо ибодати якҷоя, яъне бо ҷамоат аст. Аз ин ҷост, ки намозро бо ҷамоат мегузоранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотиҳа «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «