Тафсири Сураи Фотир Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
اَلۡحَمۡدُ لِلّٰهِ فَاطِرِ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ جَاعِلِ الۡمَلٰٓٮِٕكَةِ رُسُلًا اُولِىۡۤ اَجۡنِحَةٍ مَّثۡنٰى وَثُلٰثَ وَرُبٰعَ ؕ يَزِيۡدُ فِى الۡخَـلۡقِ مَا يَشَآءُ ؕ اِنَّ اللّٰهَ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ قَدِيۡرٌ ١
Ал-ҳамду лиллаҳи фатири-с-самавати ва-л-арЗи ҷаъили-л-малаикати русулан ули аҷниҳати-м масна ва суласа ва рубаъ. Язӣду фи-л-халқи ма яшаъ. Инналлоҳа ъала кулли шай-ин Қадӣр. 1.
1. (Ҳама) ситоиш Худойрост, ки офарандаи осмонҳо ва Замин аст, ки фариштагонро фиристодагон (паёмовар)-е гардонидааст, ки дорои бозуҳои дугона-дугона ва сегона-сегона ва чаҳоргона-чаҳоргонаанд, зиёда мекунад дар офариниш ҳар чӣ хоҳад. Ҳаройина, Худованд бар ҳар чиз тавоност.
Худованд ин сураро мисли сураҳои «Ҳамд», «Сабо» ва «Каҳф» бо калимаи ҳамд оғоз намуда дар баробари Қудрати бузургии Худ, ки бидуни намунаи собиқ осмонҳо ва Заминро офаридааст, худро ситоиш карда гуфтааст, ки тамоми ҳамду сано ва ситоише, ки аз тамоми махлуқот пайдо мешавад, ҳама махсуси Худост, ки холиқи осмонҳо ва Замин аст. Оре! Зоте, ки офариниши ингуна ашёи бузург Қодир аст, лозим шавад, ба бори дигар офаридани онҳо, албатта, Қодир аст. Мо низ чунин Зоти покеро, ки дар дунёву охират бар ҳама кор тавоно ва раҳматаш бисёр васеъ аст, ҳамду ситоиш мегӯем; Зеро ҳар чи, ки дар тавони мо ҳаст, азони Ӯст. Худованд чунон Зотест, ки фариштагонро, паёмоваранда Қарор дод. Баъзе аз онҳо дорои ду бол, баъзе аз онҳо дорои се бол, баъзе аз онҳо соҳиби чаҳор бол ва баъзе аз онҳо соҳиби болҳои бештар ҳастанд, ки ба воситаи ин болҳо аз осмон ба Замин фуруд меоянд ва бо ҳамин болҳо ба осмон бармегарданд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо дар мазмуни ҳадиси шариф омадааст, ки Расулаллоҳ (с) дар шаби меъроҷ Ҷабраил (а)-ро дар шаклу ҳайати аслияшон диданд, ки ӯ (а) дорои шашсад бол буда, фосилаи байни Қанотҳои ӯ (а) монанди масофаи аз машриқ то мағриб будааст.
Хулоса, дар маънои ояти мазкур теъдоди Қанотҳои фариштагон муъайян нашуда, балки аз бисёрии онҳо хабар додааст. Дар давоми оят, Худованд фармудааст, ки дар офариниши болҳои фариштагон ҳарчи бихоҳад, аз ин ҳам зиёдтар меафзояд. Зеро Худованд бар ҳама чиз тавоност. Бояд гуфт, ки Худованд дар офариниши ғайри фариштагон, яъне дигар мавҷудот ва дар зиёд кардани намудҳои онҳо низ ҳарчи бихоҳад Қодир аст. Масалан, Худованд инсонро аз миёни махлуқоташ бо чашму бинӣ, мӯй, рухсор, лабу даҳон, садо, ақл, тамиз, илм ва ғайра зеботар офаридааст. Худованд бо Қудрати бе поёни хеш, ҳарчи хоҳад, метавонад кунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «