Сураи Фотир Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 2

مَا يَفۡتَحِ اللّٰهُ لِلنَّاسِ مِنۡ رَّحۡمَةٍ فَلَا مُمۡسِكَ لَهَا ۚ وَمَا يُمۡسِكۡ ۙ فَلَا مُرۡسِلَ لَهٗ مِنۡۢ بَعۡدِه ؕ وَهُوَ الۡعَزِيۡزُ الۡحَكِيۡمُ ٢

Ма яфтаҳиллаҳу ли-н-наси ми-р-раҳматин фа ла мумсика лаҳа. Ва ма юмсик фа ла мурсила лаҳу мин баъдиҳ. Ва Ҳува-л-Ъазӣзу-л-ҳакӣм. 2.

2. Он чӣ Худованд барои мардум аз раҳмат кушода созад, пас, ҳеҷ боздорандае онро нест ва он чӣ боздорад, пас, онро баъд аз Вай кушояндае нест. Ва Ӯст ғолибу боҳикмат.

Хазинаи раҳмати Парвардигор васеъу бепоён аст, Инсон ба ҳисоби он расида наметавонад. Агар Худованд дарвозаи ҳар неъмати моддӣ ё маънавиеро барои мардум кушояд, мисли барфу борон, ризқу рӯзӣ, ҳаёт, саломатӣ, тинҷӣ, амонӣ, илм, ҳикмат, нубуват ва ғайра, боздорандае барои онҳо нест. Ҳар он чизеро, ки Худованд аз раҳмати Худ боз дорад, ҳеҷ кушояндае нест. Мисол, агар Худованд «дари» осмонро ба рӯйи мардум бандад, на барф шаваду на борон, оё ҳаст касе ки ё чизе, ки барфу боронро ташкил кунад? Дар ҳадиси ривояткардаи Муғира ибни Шуъба (р) омадааст, ки чун Расулаллоҳ (с) аз намози худ фориғ мешуданд, калимаи тавҳид «Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу лаҳу-л мулку ва лаҳу-л-ҳамд ва ҳува ъала кулли шайин Қадир»-ро мехонданд, онгоҳ мегуфтанд: «Аллоҳумма ла маниъа ли ма аътайта ва ла муътия лима манаъата ва ла янфаъу за-л-ҷадди минка-л-ҷадд». Яъне. Бор Худоё! Он чи, ки Ту бидиҳӣ, ҳеҷ боздорандае барои он нест ва он чи, ки Ту боз дорӣ, ҳеҷ диҳандае барои он нест. Ва ҳеҷ соҳибталошу соҳибкӯшишро дар баробари Ту кӯшишу талошаш суде намебахшад. Оре! Худованд зотест, ки дар мулки худ ғолиб, ҳаргунае ки хоҳад, тасарруф мекунад, медиҳаду боз медорад, хор мекунаду ҳурмату иззат медиҳад, ин кори Ӯст. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки гӯяд чаро чунин шуду чунон. Ҳар кореро, ки анҷом медиҳад, бинобар тақозои ҳикмат Ӯст. (Барои маълумоти бештар ба ояти 107-уми сураи «Юнус (а)» муроҷиъат шавад). Валлоҳу аълдам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)