Тафсири Сураи Фотир Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 25
وَاِنۡ يُّكَذِّبُوۡكَ فَقَدۡ كَذَّبَ الَّذِيۡنَ مِنۡ قَبۡلِهِمۡۚ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُمۡ بِالۡبَيِّنٰتِ وَبِالزُّبُرِ وَبِالۡكِتٰبِ الۡمُنِيۡرِ ٢٥
Ва ий юказзибука фа қад каззаба-л лазӣна мин Қаблиҳим ҷаатҳум русулуҳум би-л баййинати ва би-з-зубури ва би-л-китаби-л-мунӣр. 25.
25. Агар туро ба дурӯғ нисбат кунанд, пас, ҳаройина, касоне ки пеш аз онҳо буданд, низ пайғамбаронашонро, ки бо нишонаҳои ошкор ва бо номаҳои Илоҳӣ ва бо Китоби равшан омаданд, ба дурӯғ нисбат доданд.
Ояти мазкур ба ояти Қаблӣ робитаи наздик дошта, тақрибан маънои ин дар эзоҳи он гузашт. Ҳоло Худованд дар ин оят афзудааст, ки эй Муҳаммад (с), агар Қавмат туро дурӯғгӯй ҳисобанд, ҳеҷ ҷойи таъаҷҷуб ва нигаронӣ нест. Зеро дар гузашта, пеш аз инҳо умматҳое низ буданд, ки чун пайғамбаронашон бо ҳуҷҷатҳои ошкор ва бо муъҷизаҳои Илоҳӣ ва бо саҳифаҳои аз ҷониби Худо нозилшуда, ки дар онҳо панду насиҳатҳо навишта шуда буд, чун саҳифаҳои Иброҳим (а), Шис (а), Идрис (а) ва бо китобҳои осмонӣ, чун Таврот, Инҷил, Забур, ки дар онҳо низ Қонуну аҳкоми шаръӣ ошкоро китобат буд, омаданд, аммо, Қавмашон бо ин ҳама нигоҳ накарда, мисли Қавми ту онҳоро дурӯғгӯ ҳисобиданд.
Хулоса, танҳо Расулаллоҳ (с) набудааст, ки бо доштани китоб (Қуръон) ва муъҷизаҳо мавриди пазириши Қавми ҷоҳил Қарор нагирифтааст, балки Пайғамбарони пешин низ ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд.
Ояти зер аз оқибати шуми шахсоне, ки пайғамбарони Илоҳиро Қабул накарданд, хабар медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «