Тафсири Сураи Фотир Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 24
اِنَّاۤ اَرۡسَلۡنٰكَ بِالۡحَـقِّ بَشِيۡرًا وَّنَذِيۡرًاؕ وَاِنۡ مِّنۡ اُمَّةٍ اِلَّا خَلَا فِيۡهَا نَذِيۡرٌ ٢٤
Инна арсалнака би-л ҳаққи башӣра-в ва назӣро. Ва им мин умматин илла хала фӣҳа назӣр. 24.
24. Ҳаройина, Мо туро ҳамроҳи дини ҳақ башоратдиҳанда ва бимкунанда фиристодаем ва нест ҳеҷ уммате, магар дар он бимкунандае гузаштааст.
Худованд дар ин оят барои тасаллии Расулаллоҳ (с), то ин ки бисёр ғамгин нашавад, фармудааст, ки эй Муҳаммад (с), ҳеҷ уммате пеш аз ту нагузаштааст, магар ин, ки Мо чун ту барои ҳушдор додани онҳо ва барои ба роҳи рост ҳидоят кардани онҳо (то ин ки дигар ҳуҷҷате барои онҳо боқӣ намонад) дар байнашон пайғамбаре аз пайғамбарони худро фиристодаем.
Ҳоло, эй Пайғамбари Мо (с), дар ҳақиқат, Мо туро низ ҳамроҳи дини ҳақ ва китоби ҳақ байни гурӯҳе аз мардум фиристодем, то ин ки муъминонро башорат ба ояндаи нек диҳӣ ва шахсони кофирро аз ояндаи баду ногувор бимдиҳанда бошӣ.
Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «