Тафсири Сураи Фотир Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 27
اَلَمۡ تَرَ اَنَّ اللّٰهَ اَنۡزَلَ مِنَ السَّمَآءِ مَآءً ۚ فَاَخۡرَجۡنَا بِهٖ ثَمَرٰتٍ مُّخۡتَلِفًا اَلۡوَانُهَاؕ وَمِنَ الۡجِبَالِ جُدَدٌۢ بِيۡضٌ وَّحُمۡرٌ مُّخۡتَلِفٌ اَلۡوَانُهَا وَغَرَابِيۡبُ سُوۡدٌ ٢٧
Алам тара анналлоҳа анзала мина-с-самаи маан фа ахраҷна биҳӣ самароти-м мухталифан алвануҳа. Ва мина-л-ҷибали ҷудадум бӣЗу-в ва ҳумру-м мухталифун алвануҳа ва ғаробӣбу суд. 27.
27. Оё надидӣ, ки Худованд аз Осмон обро фуруд овард? Пас, ба сабаби он, меваҳои гуногунрангро рӯёнидем ва аз кӯҳҳо бо рангҳои гуногун Қитъаҳое офаридем: сафед, сурх ва ниҳоят сиёҳ.
Дар ин оят Худованд ба бандагони Худ, (то ин ки ба табиъати аҷоибе, ки Худо офаридааст эътибор диҳанд) хитоб намуда, дар нахуст сухани Худ фармудааст, ки эй инсони оқил, оё надидӣ, ки Худованди азиму ҷалил бо Қудрати бемонанди Худ аз абрҳо об (борон)-ро фуруд меовард ва ба сабаби он набототи гуногун ва меваҳои рангорангро дар шаклу ҳаҷмҳои мухталиф (ҳархела) чун себ, анор, ангур, анҷир, зайтун ва дигар меваҳое, ки таҳти ҳисоб даровардани онҳо мушкил аст, мерӯёнад?
Аҷоиби кор дар он аст, ки об як, замин як, ҳаво як, фасли сол як, аммо сабзавоту меваҷот ҳарранг ва мазаву лаззати онҳо ҳар хел. Оё ин бар Қудрати бемонанди Аллоҳ таъоло далел нест? Кӣ метавонад ба ин сабзавоту меваҳо рангҳо ва маззаи ҳархеларо таъмин кунад? Мутаассифона, аксари мардум ба ин гуна офариниши Худованд, на эътибор медиҳанду на шукрона мекунанд. (Барои маълумоти бештар дар бораи ин ҷузъи оят ба сураи «Раъд», ояти 4-ум муроҷиъат шавад).
Дар ҷумлаи охир Худованд дар бораи кӯҳҳо гуфтааст, ки санги кӯҳҳоро ҳарранг офаридем. Яъне санги яке аз онҳо сафед бошад, дигаре аз онҳо сурх ё зард ё ниҳоят сиёҳ аст ва ё мешавад чандин рангҳо дар як кӯҳ, Қабат-Қабат (ҳарранг) бошад. Ин ҳодисаро шахсоне ки ба кофтани кӯҳҳо машғуланд, хубтар мефаҳманд ва ба он хубтар эътибор медиҳанд. Агар Худованд ба сангҳои кӯҳ рангҳои гуногунро надода бошад, пас, ки тавонист дар дохили кӯҳ онҳоро рах-рах, Қабат-Қабат ранг диҳад? Ин кӯҳҳоро, кӣ офарид ва ин сангҳои гуногунранг аз куҷо омаданд, Қудрати кӣ расид, ки кӯҳҳои ниҳоят бузургро офарад ва аз ҳаргуна рангҳо онро таъмин кунад?
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «