Тафсири Сураи Фотир Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 38
اِنَّ اللّٰهَ عٰلِمُ غَيۡبِ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِؕ اِنَّهٗ عَلِيۡمٌۢ بِذَاتِ الصُّدُوۡرِ ٣٨
Инналлоҳа Ъалиму ғайби-с-самавати ва-л-арЗ. Иннаҳу Ъалӣмун би зати-с-судур. 38.
38. Ҳаройина, Худованд донандаи чизҳои пинҳонии осмонҳо ва Замин аст. Ҳаройина, Вай ба он чӣ дар синаҳост, Доност.
Муфассирони киром гуфтаанд: «Ин оят ҳамчу таъкид давоми маънои ояти Қаблист». Ҳоло ояти мазкур хабар додааст, ки Худованд чунон олим аст, ки ҳама он чи дар осмонҳо ва дар Замин пинҳон бошанд, илми Ӯ таъоло ҳамаи онҳоро иҳота дорад. Ҳамчунин ҳар он сирру ният ва ҳар васвасаҳое, ки дар дилу синаҳои инсонҳост, Худованд ҳамаро медонад. Ҳамчунин шахсонеро, ки дар дили онҳо куфр макон гирифтааст, медонад, ки агар дар дунё то абад зинда бимонанд ё баъди мурдан билфарз бозгардонида шаванд ҳам, ҳаргиз онҳо имон намеоранд ва ибодат ҳам намекунанд. Ингуна шахсон ба азоби абадӣ гирифторанд, ин азоби абадӣ баробар ва мувофиқи он куфри абадии онҳост, ки дар дунё панди ҳеҷ носеҳе аз носиҳони Худовандро нашуниданд. Ягон зарра аз гуноҳашон зиёд бар онҳо зулм нахоҳад шуд.
Қуртубӣ шарҳи мазмуни ин оят дар ҷузъи 22/355 ва дигар муфассирон гуфтаанд, ки агар ба дӯзахиён ҷавоби мусбат дода шаваду бил фарз онҳо ба дунё баргардонида шаванд, боз ҳамон амалҳои бадашонро идома медиҳанд. Онҳо амали шоистае намекунанд, ки сазовори Ҷаннат шаванд. Зеро онҳо бадкориро ихтиёр карданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «