Тафсири Сураи Фотир Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 39
هُوَ الَّذِىۡ جَعَلَـكُمۡ خَلٰٓٮِٕفَ فِى الۡاَرۡضِ ؕ فَمَنۡ كَفَرَ فَعَلَيۡهِ كُفۡرُهٗ ؕ وَلَا يَزِيۡدُ الۡـكٰفِرِيۡنَ كُفۡرُهُمۡ عِنۡدَ رَبِّهِمۡ اِلَّا مَقۡتًا ۚ وَلَا يَزِيۡدُ الۡـكٰفِرِيۡنَ كُفۡرُهُمۡ اِلَّا خَسَارًا ٣٩
Ҳува-л-лазӣ ҷаъалакум халаифа фи-л-арЗ. Фа ман кафара фа ъалайҳи куфруҳ. Ва ла язӣду-л-кафирӣна куфруҳум ъинда Раббиҳим илла мақта. Ва ла язӣду-л кафирӣна куфруҳум илла хасаро. 39.
39. Вай Он аст, ки шуморо дар Замин ҷойнишини пешиниён гардонид. Пас, ҳар касе кофир шавад, зарари куфри ӯ бар худи ӯст. Ва куфри кофирон дар ҳақи онҳо назди Парвардигорашон ҷуз ғазаб чизеро намеафзояд. Ва дар ҳақи кофирон куфрашон ба ғайр аз зиён чизеро намеафзояд.
Дар оятҳои гузашта атрофи сарнавишти шахсони кофиру мушрик сухан шуд. Ҳоло дар ояти мавриди баҳс ботил будани роҳи онҳоро бо далелҳо ошкор намуда Худованд гуфтааст, ки Вай (Худованд) Зотест, ки шуморо дар рӯйи Замин ҷонишини умматҳои гузашта Қарор дод, рӯйи заминро аз неъматҳои Худ пур гардонид ва калидҳои тасаруфи онҳоро дар ихтиёри шумо гузошт, то ин ки Ӯро бо тоъату яктопарастӣ шукргузор бошед. Бо ибораи дигар. Худованд Зотест, ки ақл, ҳуш, фикр ва нерӯҳои ҷисмониро ба инсон арзонӣ дошт. Анвоъи неъматҳои моддӣ ва маънавиро ба инсон вогузошт ва тариқи истифода ва имконоти тасарруфи онҳоро ба инсон омӯхт. Бо ин ҳол чӣ гуна инсон неъматдиҳандаи худро фаромӯш мекунаду даст ба домани маъбудҳои хурофӣ (яъне бутҳо) мезанад? Ин ҷумла барои инсонҳо зимнан ҳушдор медиҳад, ки даврони онҳо абадӣ нест, онҳо ҷойнишини Қавмҳои гузаштаанд, пас аз чанде онҳо низ мераванду Қавмҳои дигар ҷойнишини онҳо мешаванд. Акнун онҳо бояд дуруст тафаккур кунанд, ки дар ин чанд рӯзи зиндагони чӣ кор кардаанд ва чӣ ояндаеро барои худ андешидаанд ва дар сафҳаҳои таърих чӣ чизи некеро аз худ ба ёдгорӣ гузоштаанд. Хуб ё бад, ё ин ки таърих онро ба дасти фаромӯшӣ месупорад? Дар давоми оят Худованд гуфтааст, ки ҳар касе, кори гуноҳҳро анҷом диҳад ва неъматҳоро носипосӣ кунаду куфр варзад, куфри ӯ бар зиёни худи ӯст. Куфру бадкории кофирон ба ғайри зиёну хусрони худашонро ва хашму ғазаби Худовандро зиёд кардан чизи дигареро намеафзояд.
Онон, ки наванду онон, ки куҳан,
Ҳар як паси ҳам якояк бишаванд.
Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равем боз оянду раванд.
(Хайём)
Ояти зер барои мушрикон посухи Қотеъона аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «