Тафсири Сураи Фотир Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 40
قُلۡ اَرَءَيۡتُمۡ شُرَكَآءَكُمُ الَّذِيۡنَ تَدۡعُوۡنَ مِنۡ دُوۡنِ اللّٰهِ ؕ اَرُوۡنِىۡ مَاذَا خَلَقُوۡا مِنَ الۡاَرۡضِ اَمۡ لَهُمۡ شِرۡكٌ فِى السَّمٰوٰتِ ۚ اَمۡ اٰتَيۡنٰهُمۡ كِتٰبًا فَهُمۡ عَلٰى بَيِّنَتٍ مِّنۡهُ ۚ بَلۡ اِنۡ يَّعِدُ الظّٰلِمُوۡنَ بَعۡضُهُمۡ بَعۡضًا اِلَّا غُرُوۡرًا ٤٠
Қул ара-айтум шуракаакуму-л-лазӣна тадъуна мин дуниллаҳи арунӣ ма за халақу мина-л-арЗи ам лаҳум ширкун фи-с самавати ам атайнаҳум китабан фа ҳум ъала баййинати-м минҳ. Бал ий яъиду-з-золимуна баъЗуҳум баъЗан илла ғуруро.40.
40. Бигӯ: «Оё шарикони муқарраркардаи худро, ки онҳоро ба ҷуз Худо мепарастед, дидед? Ба ман бинамоед: аз Замин чӣ чиз офаридаанд? Оё онҳоро дар офариниши осмонҳо ягон ширкате (бо Мо) ҳаст? Оё онҳоро китобе додем, пас, онҳо аз он бар ҳуҷҷатанд? На! Балки ситамгарон баъзе баъзеро ба ғайр аз фиреб чизеро ваъда дода наметавонанд».
Агар инсон ба чизе дилбастагӣ дошта бошад, барои дурустии он бояд далели ақлӣ ва нақлӣ дар даст дошта бошад. Ҳоло Худованд дар ин оят касонеро, ки барои тасдиқи фикри худ далел надоранду ба ғайри фиреб ва ғурур такягоҳе низ надоранд, зери савол Қарор дода ба Расули Худ фармудааст, ки ба он мушрикон бигӯ, ки оё дидед, ки он маъбудҳои (бутон)-и сохтагии шумо, ки онҳоро шарикони Худованд пиндоштаеду онҳоро мепарастед, дар Замин ё дар осмон чизеро сохта бошанд? Ҳеҷ чиз насохтаанд. Чаро ба ҷойи Худованди якто ё дар баробари Ӯ онҳоро мепарастед? Аз ин бутҳои худ ба ман хабар диҳед! Оё онҳо дар рӯйи Замин ягон махлуқе мисли одам, ҳайвон, кӯҳ, баҳр ё дарёро офаридаанд, то барои парастидани онҳо барои шумо далел шуда тавонад? Оё шумо медонед, ки Холиқи осмонҳо ва Замин Худои ягонаасту ба ғайри Ӯ ҳеҷ чизе лоиқи ибодат нест? Оё гуфта метавонед, ки онҳо дар офариниши осмонҳо бо Худо шарик буданду якҷоя осмонро офариданд? Ҳоло ки чунин нест, пас чӣ далел доред, ки онҳоро мепарастед? Тавҳиди холиқият (якто ҳисобидани Офаридгор) дар баргирандаи тавҳиди убудият (якто ҳисобидани Худованд) низ ҳаст, оё далели нақлие барои парастиши бутҳоятон дар даст доред? Оё Худованд китоби осмониеро дар ихтиёри шумо Қарор додааст, то аз он барои дурустии бутпарастиатон ҳуҷҷату далелҳо пешниҳод кунед? Шумо, ки ҳеҷ далелу бурҳоне дар даст надоред, мегӯед, ки бутҳо моро шафоъат мекунанд. Оё медонед, ки ин рафтори шумо ғайр аз якдигарро фиреб додан ва дар ғурур нигоҳ доштан кори дигаре нест?! (Барои маълумоти бештар дар бораи калимаи «ахбирунӣ» ба ояти 40-уми сураи «Анъом» муроҷиъат шавад).
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «