Сураи Фотир Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 41

۞ اِنَّ اللّٰهَ يُمۡسِكُ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضَ اَنۡ تَزُوۡلَا ۚوَلَٮِٕنۡ زَالَــتَاۤ اِنۡ اَمۡسَكَهُمَا مِنۡ اَحَدٍ مِّنۡۢ بَعۡدِهٖ ؕ اِنَّهٗ كَانَ حَلِيۡمًا غَفُوۡرًا‏ ٤١

۞ Инналлоҳа юмсику-с-самавати ва-л-арЗа ан тазула. Ва лаин залата ин амсакаҳума мин аҳади-м мин баъдиҳ. Иннаҳу кана ҳалӣман Ғафуро. 41.

41. Ҳаройина, Худо осмонҳо ва Заминро аз он, ки аз ҷои худ билағжанд, нигоҳ медорад ва агар (билфарз) билағжанд, баъд (ғайр) аз Худо ҳеҷ кас онҳоро нигоҳ дошта наметавонад. Ҳаройина, Ӯст бурдбору омурзгор.

Дар ояти Қаблӣ дахолати бутҳои сохташудаи мушрикон дар офариниши замину осмонҳо тамоман рад шуд. Ҳоло дар ин оят аз тавҳиди Холиқияту (ягонагӣ дар Офаридгорӣ) тавҳиди Рубубият (ягонагӣ дар Парвардигорӣ) сухан ба миён омада, Худованд хабар додааст, ки ҳамоно Худовандаст, ки агар Замину осмонҳо аз меҳвари худ дар остонаи лағжидан Қарор гиранд, то ин ки низоми онҳо коста, ё вайрон нашаванд, онҳоро нигоҳ медорад. Оре! Мумкин миллионҳо сол ё ин ки миллиардҳо сол гузашт, аммо кураи Замин дар масири худ бо низоми дақиқу муайяне, ки Худованд барои он андоза кардааст, ба фармони Парвардигор сари таслим ниҳода гирди Офтоб мечархад. Ҳоли дигар сайёраҳо низ чунин аст. Оё ба ғайри Худованди якккаву беҳамто касе ҳаст, ки агар осмонҳо ва Замин аз мадори худ лағжиданӣ шаванд, онҳоро нигоҳ дорад? Оё бутҳо метавонанд, билфарз осмонҳо ё Замин ё сайёрае аз мадори худ хориҷ шавад, онҳоро бори дигар дар мадори худ Қарор диҳанд? Ба ғайри Худованд Қодиру тавоно чунин коре аз дасти ҳеҷ махлуқе ҳаргиз намеояд.

Хулоса, Худованд ҳалим (бурдбор)-у омурзгор аст, дар ҷазо додани мушрикон шитоб намекунад, роҳи тавбаро ба рӯйи онҳо ҳоло набастааст, дар ҳар марҳилае, ки хостанд, метавонанд онҳо даст аз бутпарастӣ бардоранд, тавба кунанду сари таъзим ба остони Худованд бисоянд. Барои маълумоти бештар ба ояти 90-уми сураи «Марям» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)