Тафсири Сураи Фотир Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 42
وَاَقۡسَمُوۡا بِاللّٰهِ جَهۡدَ اَيۡمَانِهِمۡ لَٮِٕنۡ جَآءَهُمۡ نَذِيۡرٌ لَّيَكُوۡنُنَّ اَهۡدٰى مِنۡ اِحۡدَى الۡاُمَمِۚ فَلَمَّا جَآءَهُمۡ نَذِيۡرٌ مَّا زَادَهُمۡ اِلَّا نُفُوۡرًا ٤٢
Ва ақсаму биллаҳи ҷаҳда айманиҳим ла ин ҷааҳум назӣру-л ла якунунна аҳда мин иҳда-л-умам. Фа ламма ҷааҳум назӣру-м ма задаҳум илла нуфуро. 42.
42. Ва (куффори Макка) бо сахттарин Қасамҳои худ ба Худо Қасам хӯрданд, ки агар ба онҳо тарсонандае биояд, албатта, аз ҳар як уммат роҳёфтатар хоҳанд буд. Пас, чун тарсонанда ба онҳо омад, дар ҳаққи онҳо ба ҷуз рамидан чизеро зиёда накард,
Дар баёни сабаби нузули ояти мазкур баъзе аз муфассирон чунин гуфтаанд. Вақто мушрикони араб мешуниданд, ки умматҳои гузашта ҳамчун яҳуд пайғамбарони Илоҳиро ба шаҳодат мерасониданд, таассуф мехӯрданд. Хусусан ба Қабилаи Қурайш хабар мерасид, ки аҳли китоб пайғамбарони фиристодаи Худоро Қабул накарданд, онҳоро дурӯғгӯй шумориданд, орзуҳо мекарданду мегуфтанд, ки мо чунин нестем ва чунин корро нахоҳем кард. Кош Худованд пайғамбареро барои мо бифиристаду ба ӯ чунон пайравӣ кунем, ки нисбат ба дигар умматон ҳидоятёфтатарин бошем; Онҳо суханашонро сарсарӣ намегуфтанд, балки барои амалӣ шудани орзуҳои хеш бо сахттарин савгандҳое, ки дар байнашон машҳур буд, савганд мехӯрданду суханашонро таъкид мекарданд. Вақто ки мутаассифона, онҳо ва давомдиҳандагони онҳо ба ин рӯзҳо расиданд, яъне Худованд пайғамбари худ Муҳаммад Мустафо (с) ва ҳамчунин китоби Худ Қуръони каримро барои ҳидояти онҳо фиристод, аммо он дар мушрикон ҷуз рамидан ва гурехтан аз ҳақ дигар чизеро наяфзуд ва онҳо ба ҷое нарасиданд. Онҳо ба нерӯи ақли худ такя карданд, аммо нафаҳмиданд, ки ҳидоят аз ҷониби Парвардигор аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «