Сураи Фотир Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 43

اۨسۡتِكۡبَارًا فِى الۡاَرۡضِ وَمَكۡرَ السَّيّیٴِؕ وَلَا يَحِيۡقُ الۡمَكۡرُ السَّيِّـئُ اِلَّا بِاَهۡلِهٖ ؕ فَهَلۡ يَنۡظُرُوۡنَ اِلَّا سُنَّتَ الۡاَوَّلِيۡنَ ۚ فَلَنۡ تَجِدَ لِسُنَّتِ اللّٰهِ تَبۡدِيۡلًا ۖوَلَنۡ تَجِدَ لِسُنَّتِ اللّٰهِ تَحۡوِيۡلًا ٤٣

Истикбаран фи-л-арЗи ва макра-с-саййиъ. Ва ла яҳӣқул макру-с-саййиу илла би аҳлиҳ. Фа ҳал янзуруна илла сунната-л-аввалӣн. Фа лан таҷида ли суннатиллаҳи табдӣла. Ва лан таҷида ли суннатиллаҳи таҳвӣла. 43.

43. Ба сабаби саркашӣ дар Замин ва ба сабаби бадандешӣ. Ва вуболи бадандешӣ ва макри Қабеҳ фуруд намеояд, магар ба аҳли он. Пас, мунтазир нестанд, магар ойину уқубати пешиниёнро? Пас, дар ойини Худо табдиле ё тағйире нахоҳӣ ёфт (то азобро аз худ дурр кунанд).

Худованд дар ин оят хабар додааст, ки чун мувофиқи орзуҳои мушрикон, пайғамбари Худ Муҳаммад (с)-ро ҳамчу бимдиҳанда барои онҳо фиристодем, онҳо роҳи кибру ғурурро пеш гирифтанд. Дар баробари ҳақ макру ҳилаҳои бадеро пешаи худ Қарор дода, сар фуруд наоварданд, таслим нашуданд, имон наоварданд ва нагузоштанд, ки мардуми мустазъаф имон оранд. Бо садҳо ҳилаву макр садди роҳи имон овардани оммаи мардум шуданд. Онҳо надонистанд, ки ин макру ҳилаҳояшон бар зарари худи онҳост. Дар охир Худованд чунин гурӯҳро таҳдид намуда гуфтааст, ки оё онҳо интизори онро доранд, ки гирифтори сарнавишти пешиниёни амсоли худ шаванд? Онҳо низ мисли шумо анбиё (а)-ро бовар накарданд, алайҳи онҳо туҳматҳо заданд, хостанд онҳоро аз ватани хеш табъид (бадарға) кунанд ё онҳоро кушанд, дар натиҷа Худованд балоҳои азимеро бар сари онҳо оварду онҳоро несту нобуд сохт. Агар мушрикони Макка чунин рафтор кунанд, суннату одати Худованд чунин аст, ки албатта, онҳоро чун Қавмҳои гузашта ба балои Худ гирифтор хоҳад кард. Одати Аллоҳтаъоло ҳаргиз табдилу тағйир намеёбад ва ҳаргиз барои одати Худованд дигаргуние нахоҳӣ ёфт. (Барои маълумоти бештар ба ояти 69-уми сураи «Азҳоб» ва ояти 77-уми сураи «Исро» муроҷиъат шавад).


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)