Тафсири Сураи Фотир Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 44
اَوَلَمۡ يَسِيۡرُوۡا فِى الۡاَرۡضِ فَيَنۡظُرُوۡا كَيۡفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِيۡنَ مِنۡ قَبۡلِهِمۡ وَكَانُوۡۤا اَشَدَّ مِنۡهُمۡ قُوَّةً ؕ وَمَا كَانَ اللّٰهُ لِيُعۡجِزَهٗ مِنۡ شَىۡءٍ فِى السَّمٰوٰتِ وَلَا فِى الۡاَرۡضِ ؕ اِنَّهٗ كَانَ عَلِيۡمًا قَدِيۡرًا ٤٤
А-ва лам ясӣру фи-л-арЗи фаянзуру кайфа кана ъақибату-л лазӣна мин Қаблиҳим ва кану ашадда минҳум Қувваҳ. Ва ма каналлоҳу ли юъҷизаҳу мин шай-ин фи-с-самавати ва ла фи-л-арЗ. Иннаҳу кана Ъалӣман Қадӣро. 44.
44. Оё дар рӯи Замин сайр накарданд, то анҷоми кори ононе ки пеш аз онҳо буданд, бубинанд, ки чӣ гуна шуд? Ва онҳо ҷамоате буданд дар Қувват аз онҳо зиёдтар. Ва ҳаргиз, чизе дар осмонҳо ва дар Замин нест, ки Худоро оҷиз гардонад. Ҳаройина, Ӯ донову тавоност.
Худованд дар ин оят хабар додааст, ки ин гурӯҳи мушриконе, ки ба Қадри орзуҳои амалишудаашон нарасиданд, китоб (Қуръон)-у Расули фиристодаи Моро Қабул накарданд, оё андеша намекунанд, ки мисли Қавмҳои гузашта оқибаташон вой аст? Магар дар сафарҳои худ ба сӯи диёри Шом (Сурия, Иордания, Фаластини ҳозира), диёри валангоршудаи Қавми Од ё Самудро, ки мисли онҳо буданд, надиданду нафаҳмиданд, ки онҳо ба сабаби ба пайғамбарони Худо итоъат накардану нодуруст рафтор кардан ба ин ҳол гирифтор шудаанд? Чаро мебинанду ибрат намегиранд? Онҳо нисбат ба мушрикони Макка хело пурқувваттар буданд, локин дар баробари офатҳои Илоҳӣ ҳеҷ илоҷ карда натавонистанд. Мушрикони Макка нисбатан ба онҳо хело заъифанд, агар ҳодисаи бар сари пешгузаштагон омада бар сари инҳо такрор шавад, чӣ кор карда метавонанд? Оё таърих нахондаанд, ё нашунидаанд, ё надиданд, ки фираъвниён замини Мисрро, намрудиён сарзамини Бобул ва кишварҳои атрофи худро зери тасарруфашон дароварда буданд, онҳо чунон Қуввату Қудрате доштанд, ки бутпарастони Макка дар баробари онҳо ҳеҷанд. Дар баробари Қудрати Худованд Қудрати онҳо сифр шуд ва ба балоҳо гирифтор шуданду несту нобуд гардиданд. Худованд Зотест, ки ҳеҷ, чиз хоҳ дар осмонҳо бошаду хоҳ дар замин, Ӯро оҷиз гардонида, аз таҳти Қудрати Ӯ ба ҳеҷ маконе фирор карда наметавонад. Чун ба сари мушрикони Макка ва амсоли онҳо ғазаби Худованд биояд, онҳо ба куҷо фирор мекунанд? Худованд ҳамвора донову тавоност. Мушрикон ва амсоли онҳо гумон накунанд, ки бо давом додани ин амалҳои номашрӯъ дар амон мемонанд. На! Рӯзи муайяншуда дармерасад, онҳо ба ҳалоку димор гирифтор хоҳанд шуд. Зеро ҳеҷ чиз аз Худованд пинҳон намемонад ва иҷрои ҳеҷ кор бар Ӯ душвор ҳам нест. Бо ибораи дигар, монанди ояти мазкур, дар сураи «Рум», ояти 9-ум чунин омадааст: «Оё онҳо (мушрикон) дар рӯйи Замин сайру сафарҳо накарданд, то бубинанд, ки оқибати кори касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чӣ гуна анҷомид?» Ҳол он, ки нисбат ба мушрикони Макка онҳо хело нерӯи бештаре доштанд, рӯйи Заминро хело дигаргуну обод карда буданд, чун барои ҳидояти онҳо пайғамбарон ба суроғашон омаданд, итоъат накарда, ба саркашии худ идома доданд. Дар натиҷа ба муҷозоти дардноки Илоҳӣ гирифтор шуданд. Ҳаргиз Худованд бар онҳо ситам накард, балки онҳо буданд, ки бар худ ситам карданд. Оё мушрикони Макка мехоҳанд сарнавишти онҳо бар сарашон такрор шавад? Оё онҳо намедонанд, ки одати Худованд тағйирнопазир аст? (Барои васеъ фаҳмидани маънои ояти мазкур ба сураи «Юсуф (а)», ояти 109, сураи «Ҳаҷ», ояти 46, сураи «Ғофир ояти 21 ва 82 ва инчунин сураи «Анъом», ояти 11 муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «