Тафсири Сураи Фотир Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 45
وَلَوۡ يُـؤَاخِذُ اللّٰهُ النَّاسَ بِمَا كَسَبُوۡا مَا تَرَكَ عَلٰى ظَهۡرِهَا مِنۡ دَآبَّةٍ وَّلٰـكِنۡ يُّؤَخِّرُهُمۡ اِلٰٓى اَجَلٍ مُّسَمًّىۚ فَاِذَا جَآءَ اَجَلُهُمۡ فَاِنَّ اللّٰهَ كَانَ بِعِبَادِهٖ بَصِيۡرًا ٤٥
Ва лав юахизуллоҳу-н-наса би ма касабу ма тарака ъала заҳриҳа мин даббати-в ва лаки-й юаххируҳум ила аҷали-м мусамма. Фа иза ҷаа аҷалуҳум фа инналлоҳа кана би ъибадиҳӣ басӣро. 45.
45. Ва агар Худо мардумро ба сазои он чӣ мекарданд, гирифтор мекард, бар пушти Замин ҳеҷ ҷонвареро боқӣ намегузошт, валекин онҳоро то рӯзи муайян мавқуф медорад. Пас, чун миъоди онҳо ояд, пас, ҳаройина, Худованд ба бандагони Худ бино аст.
Дар охирин ояти сураи «Фотир» Худованд фармудааст, ки агар лутфи Мо намебуд ва ҳар инсонро ба сабаби гуноҳи содиркадааш муҳлат надода, дар ҳол ҷазо медодему нест мекардем, дар он сурат дигар ҳеҷ ҷунбандае дар рӯйи Замин боқӣ намемонд. Оре! Агар иродаи Худованд барои боқӣ мондани онҳо муддате чанд намебуд, балоҳои пайдарпай мисли соиқа, заминларзаҳо, тӯфонҳои бодӣ ё обӣ барои чунин гунаҳгарон пайдо мешуд, онҳоро аз рӯйи Замин несту нобуд месохт. Вале Худованд бо лутфу карами Худ, то замоне ки барои онҳо муайян кардааст, ингуна инсонҳоро боқӣ мегузорад. Аммо, ҳангоме ки муҳлати умри онҳо ба поён расад, ҳар касро мувофиқи амалҳои содиркардааш нест мекунаду ҷазо медиҳад. Зеро Худованд Зотест бино, ҳама амалҳои бандагони Худро мебинад ва ниятҳои онҳоро медонад. Валлоҳу аълам.
Ҷаҳон ҷому фалак соқӣ, аҷал май,
Халоиқ бодакӯши маҷлиси вай.
Халосӣ нест асло ҳеҷ касро
Аз ин ҷому аз ин соқӣ аз ин май.
Поёни сураи «Фотир» ва поёни ҷузъи 22-юм. Ва лилоҳил ҳамд ва миннаҳ.
Худовандо! Моро аз ҷумлаи шахсоне Қарор деҳ, ки пеш аз тамом шудани фурсатҳо бедор шавем ва ба сӯйи Ту бозгардем ва гуноҳҳои гузаштаи худро бо нури ҳасанот ва ҷалби ризои Ту равшан созем.
Бор Илоҳо! Агар раҳматат шомили ҳоли мо набошад, бори гуноҳҳо моро дар коми худ мекашанд. Худоё! Агар тобиши нури ғуфронат бар дили мо нур напошад, шайтону лашкариёнаш аз ҳар тараф моро иҳота мекунанд ва ба роҳи исён мекашонанд.
Худовандо! Моро бо имону бо тавҳиди холис ва бо тақво нигоҳ дор. Омин!
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «