Тафсири Сураи Фотир Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 7
اَلَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا لَهُمۡ عَذَابٌ شَدِيۡدٌ ۖ وَّالَّذِيۡنَ اٰمَنُوا وَعَمِلُوۡا الصّٰلِحٰتِ لَهُمۡ مَّغۡفِرَةٌ وَّاَجۡرٌ كَبِيۡرٌ ٧
Ал-лазӣна кафару лаҳум ъазабун шадӣд. Ва-л-лазӣна аману ва ъамилу-с-салиҳати лаҳум-м мағфирату-в ва аҷрун кабӣр. 7.
7. Ононе ки кофир шуданд, барои онҳо азоби сахт аст ва ононе, ки имон оварданд ва амалҳои шоиста карданд, барои онҳо омурзиш ва музди бузург аст.
Худованд дар ин оят натиҷаи кори ҳизби Аллоҳ ва оқибати дардноки ҳизби шайтонро баён намуда чунин гуфтааст, ки касоне, ки фирефтаи дунё шуданд, ба васвасаҳои шайтон лаббайк гуфта кофир шуданд, азоби сахту дардноке дар интизори онҳост. Аммо Худованд барои касоне, ки имон оварданду даст ба иҷрои амалҳои солеҳ заданд, чандон ба маъишату лаззатҳои дунё дода нашуданд ва васвасаҳои шайтонро пушти по зада худро аз ҳизби шайтон канор гирифтанд, омурзиши гуноҳону подошҳои бузургеро омода сохтааст. Аз ояти Қаблӣ то ин оят ба як нукта бояд таваҷҷуҳ кард. Таваҷҷуҳ кунед барои дар азоби Илоҳӣ дохил шудан танҳо куфр кифоя будааст. Аммо барои соҳиби мағфирату соҳиби аҷри бузург шудан чуноне дар оятҳои Қаблӣ ишора шуд, танҳо имон кифоя набудааст. Дар баробари имони ростин иҷрои амалҳои солеҳ лозим будааст. Нуктаи дигар ин, ки омадани калимаи мағфират пеш аз аҷри бузург дар он буда аст, ки агар шахси муъминро мағфирати Худованд шустушӯ надиҳад, омодаи пазирои аҷри бузург шуда наметавонистааст. Валлоҳу аълам.
Дар ояти зер кадом роҳ роҳи шайтон аст, баён шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «