Сураи Фотир Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 8

اَفَمَنۡ زُيِّنَ لَهٗ سُوۡٓءُ عَمَلِهٖ فَرَاٰهُ حَسَنًا ؕ فَاِنَّ اللّٰهَ يُضِلُّ مَنۡ يَّشَآءُ وَيَهۡدِىۡ مَنۡ يَّشَآءُ ‌ۖ فَلَا تَذۡهَبۡ نَـفۡسُكَ عَلَيۡهِمۡ حَسَرٰتٍ ؕ اِنَّ اللّٰهَ عَلِيۡمٌۢ بِمَا يَصۡنَـعُوۡنَ ٨

А-фа ман зуййина лаҳу суу ъамалиҳӣ фа рааҳу ҳасана. Фа инналлоҳа юЗиллу ма-й яша-у ва яҳдӣ ма-й яшаъ. Фа ла тазҳаб нафсука ъалайҳим ҳасарот. Инналлоҳа Ъалӣмун би ма яснаъун. 8.

8. Оё касеро, ки амали зишти ӯро дар назараш ороста карда шудааст, пас онро нек меҳисобад, (мисли муъмини солеҳ аст?) Пас, Худованд ҳар киро хоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро хоҳад, роҳ менамояд. Пас, ту барои онҳо аз руйи дареғу ҳасрат нафси худро ҳалок масоз. Ҳаройина, Худо ба он чӣ мекунед, доно аст.

Ояти мазкур барои шахсоне, ки ба васвасаҳои шайтон дода шуда, кофир шудаанд, ваъиди ба азоб буда, дар он Худованд бо саволи инкорӣ фармудааст, ки оё шахсе, ки иҷрои амали баду гуноҳро то он ҷое шайтон дар назараш зиннат додааст, ки гумроҳӣ ва кори ботил назди ӯ савобу пешравӣ ва тамаддун ба ҳисоб рафта корҳои нек дар назарашон ботилу зишт менамояд, монанди шахси муъминест, ки Худованд ӯро ҳидоят карда равонаи роҳест, ки ризогии Аллоҳ дар он аст? Ҳаргиз дар боргоҳи Илоҳӣ ин ду гурӯҳ бо ҳам баробар нестанд. Касеро Худованд хоҳад, аз роҳи ҳидоят яксӯ мекунаду гумроҳаш месозад, касеро хоҳад, ба имон овардану ба иҷрои амали солеҳ муваффақаш мегардонад. Ин ҳама вобаста ба машият (хост)-и Худост. Дар давоми оят Худованд Расулаш (с)-ро хитоб намуда гуфтааст, ки пас, барои касоне, ки имон намеоранд, ғаму ҳасрат нахӯр ва худро барои онҳо ҳалок масоз! Оре! Ин ҳама хосту иродаи Худост, ҳар кору сухани баду некеро онҳо, чи махфӣ бошаду чи ошкор, мегӯянду мекунанд, назди Худованд пинҳон намемонад. Худованд он чиро ки барои онҳо ирода кардааст, албатта, ҳамонро медиҳад. (Барои маълумоти бештар ба ояти 3-юми сураи «Шуъаро» муроҷиъат шавад).


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)