Сураи Фурқон Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 13

وَاِذَاۤ اُلۡقُوۡا مِنۡهَا مَكَانًـا ضَيِّقًا مُّقَرَّنِيۡنَ دَعَوۡا هُنَالِكَ ثُبُوۡرًا ١٣

Ва иза улқу минҳа маканан Заййиқа-м муқарранӣна даъав ҳуналика субуро. 13.

13. Чун ба макони танги аз Дӯзах даступобаста андохта шаванд, он ҷо барои ҳалоки хеш дуъои бад кунанд.

Худованд дар ин оят вазъи касоне, ки Дӯзахро аз дур мебинанду сипас дохили он гардонида мешаванд, баён карда гуфтааст, ки ҳангоме ки дӯзахиёни дасту пойҳояшон бо занҷирҳо дар гарданашон басташуда, дар макони танги махсусе аз Дӯзах афганда мешаванд, аз рӯйи шиддати азоб бо гумоне, ки халос мешуда бошанд, фарёди ҷонсӯзи баланде сар дода мегӯянд, ки эй ҳалоки мо, эй марги мо бишитобеду моро дарёбед, то аз ин азоби пуршиддату тоқатфарсо халос шавем. Макони танги онҳо ба хотири танг будани Дӯзах нест. Зеро тибқи ояти 30-юми сураи «Қоф» Дӯзах хело васеъ аст. Аммо онҳоро дар ин макони васеъ чунон маҳдуд қарор медиҳанд, ки тибқи баъзе аз ривоятҳо ворид шудани онҳо ба Дӯзах ҳамчу ворид шудани мех дар девор аст. Барои маънои калимаи «муқаранин»-ро дурустар фаҳмидан ба ояти 49-уми сураи «Иброҳим» (а) муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.

Ояти зер, хитоб ба дӯзахиён буда, ин муқаддимаро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)