Сураи Фурқон Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 33

وَلَا يَاۡتُوۡنَكَ بِمَثَلٍ اِلَّا جِئۡنٰكَ بِالۡحَـقِّ وَاَحۡسَنَ تَفۡسِيۡرًا ٣٣

Ва ла яътунака би масалин илла ҷиънака би-л-ҳаққи ва аҳсана тафсӣро. 33.

33. Ва кофирон пеши ту ҳеҷ достоне наёранд, магар он ки ҷавоби рост ва дар баён накӯтарро пеши ту биёрем.

Худованд ҳикмати дигари бо тадриҷ нозил шудани Қуръонро дар ояти мазкур чунин баён менамояд, ки эй Муҳаммад (с), Мо барои он Қуръонро оя-оя, бо тадриҷ нозил кардем, ки агар кофирону мушрикон ягон достон ё ягон масъалаеро аз ту пурсон шаванд, албатта, дар муқобили онҳо Мо ҷавоби ҳақ ва накӯтарро хоҳем дод. Бинобар ин, агар онҳо савол диҳанд эътироз накун ва хиҷолат ҳам накаш, саволу мисолҳои нодурусту ботили онҳо дар баробари оятҳои Қуръон ҳеҷ аст. Чунин савол додани онҳо нишонаи мағлубияти онҳост. Илова бар ин, мағлубияти асосӣ ва пушаймонии онҳо дар қиёмат дурусттар маълум мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)