Тафсири Сураи Фуркон Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 34
اَلَّذِيۡنَ يُحۡشَرُوۡنَ عَلٰى وُجُوۡهِهِمۡ اِلٰى جَهَـنَّمَۙ اُولٰٓٮِٕكَ شَرٌّ مَّكَانًا وَّاَضَلُّ سَبِيۡلًا ٣٤
Ал-лазӣна юҳшаруна ъала вуҷуҳиҳим ила Ҷаҳаннама улаика шарру-м макана-в ва аЗаллу сабӣла. 34.
34. Ононе ки бар чеҳраҳои хеш афтон ба сӯйи Дӯзах ҳашр (барангехта) шаванд, ин ҷамоъат бо эътибори макон бадтаранд ва роҳро ғалаткунандатаранд.
Ояти мазкур барои кофирон огоҳӣ ва барои Расулаллоҳ (с) тасаллӣ буда, Худованд фармудааст, ки рӯзе, ки онҳоро, яъне ҷамоъаи таъназанандаи Қуръону дурӯғҳисобандаи рисолати Пайғамбар (с)-ро маҳшур (аз нав зинда) карда мешаванд, чуноне ки ҳайвони худмурдаро ба сӯйи дафнгоҳаш кашида мешавад, ин тоифа аз ин ҳам бадтар аз рӯйи иҳонат ба сӯйи бадтарин макон (Дӯзах) бо рӯйҳояшон кашида мешаванд. Зеро дар дунё нисбат ба оммаи мардум онҳо ғалаткунандатарин роҳи ҳақиқат буданд, қадру қиммати Пайғамбари Исломро ҳақир пиндоштанд, роҳи дурусти ӯро гумроҳӣ ҳисобиданд, бо дидаи инсоф нанигаристанд, ба чунин накӯҳиши сахт худро расониданд.
Дар ҳадиси шариф бо ривояти Имом Бухорӣ (р) омадааст, ки рӯзи қиёмат мардум бо гурӯҳҳо ҷудо шуда, гурӯҳе пиёда, гурӯҳе савора, гурӯҳе ба рӯйҳояшон (сӯйи замин афтода, зинда) мешаванд. Гуфта шуд: Ё Расулаллоҳ (с) чӣ гуна бо рӯйи афтода маҳшур мешаванд? «Дар посух Расулаллоҳ (с) гуфтанд: «Ҳамон Зоте, ки ононро бар пойҳояшон равон мегардонад, он рӯз низ тавоност, ки онҳоро бар чеҳраҳояшон равон гардонад…».
Худованд дар оятҳои зер барои тасаллии Расулаллоҳ (с) ва барои таҳдиди дурӯғпиндорандагони роҳи ҳақиқат, қисса ва саргузашти баъзе пайғамбаронро баён кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «