Тафсири Сураи Фуркон Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 39
وَكُلًّا ضَرَبۡنَا لَهُ الۡاَمۡثَالَ ۖ وَكُلًّا تَبَّـرۡنَا تَـتۡبِيۡرًا ٣٩
Ва куллан Зарабна лаҳу-л-амсал. Ва куллан таббарна татбӣро. 39.
39. Ва барои ҳар яке достонҳо(-и гузаштагонро) баён кардем (панд нагирифтанд) ва ҳар якеро якҷоя ҳалок кардем.
Дар ин оят Худованд гуфтааст, ки Мо онҳоро ғофилгирона ба ҳалокат нарасонидем, балки барои ҳар яке аз онҳо ҳуҷҷату мисолҳо нишон додем. Чуноне ки ба эродҳои қавми ту посух гуфтем, ба эродҳои онҳо низ посухҳо мегуфтем. Ҳукмҳои илоҳиро барои онҳо равшан сохта, сарнавишт ва достонҳои гузаштагонро барои онҳо бозгӯ ҳам кардем. Аммо, ҳангоме ки ҳеҷ яке аз ин панду насиҳату ҳушдор барои онҳо суд набахшид, онҳоро дарҳаму барҳам зада, зеру забар кардем. Оре! Онҳо муддатҳои дароз муросо ва лутфи Худовандро қадр накарданд. Дар натиҷа мулку диёрашон тамошогоҳи дигарон шуд. Ба таври мисол ояти зер ҳамчу тоблуи зинда ишора ба вайронаҳои қавми Лут (а) дошта, Худованд дар он фармудааст, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «