Тафсири Сураи Фуркон Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 4
وَقَالَ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡۤا اِنۡ هٰذَاۤ اِلَّاۤ اِفۡكٌ اۨفۡتَـرٰٮهُ وَاَعَانَهٗ عَلَيۡهِ قَوۡمٌ اٰخَرُوۡنَ ۛۚ فَقَدۡ جَآءُوۡ ظُلۡمًا وَّزُوۡرًا ٤
Ва қола-л-лазӣна кафару ин ҳаза илла ифкунифтароҳу ва аъанаҳу ъалайҳи қавмун ахарун. Фа қад ҷау зулма-в ва зуро. 4.
4. Ва кофирон гуфтанд: «Нест ин Қуръон магар дурӯғе, ки онро (Муҳаммад) бофтааст ва дар ин кор гурӯҳи дигаре ӯро ёрӣ додаанд». Пас, ҳаққо, ситам ва дурӯғро ба амал оварданд.
Дар ин оят ва оятҳои баъдӣ Худованд чандин шубҳаҳои мушриконро рад намуда гуфтааст, ки кофирони Қурайш дар шаъни Қуръон гуфтанд, ки ин Қуръон ба ғайри суханҳои дурӯғе, ки Муҳаммад аз назди худ ва бо ёрии аҳли китоб (яҳуду насоро) бофтаву ҷамъу баст кардааст, чизи дигаре нест (наъузубиллоҳ). Барои чунин афрод ҷумлаи охири ояти мазкур посух буда гуфтааст, ки чунин шахсон ва шахсоне, ки заҳмат кашида, дар ин бора китобҳо навиштаанд, ба ғайри расвоӣ ва суханҳои дурӯғу беасосу бӯҳтон чизи дигареро нагуфтаанд. Мушрикон бо гуфтани чунин суханҳо хостанд ҳақиқатро пӯшанд. Ба гумони онҳо як нафар араби яъне, Муҳаммад (с) аз як аҷами (ғайри араб), гуфтор ва каломе дарёфт кардааст, ки дар пурмаъноги ва зебогии баён ва дар фаҳмогияш арабҳоро ҳайратзада ва дармонда кардааст. Ин гумон ғайри мумкин аст, зеро арабҳо дар суханварӣ ҳамто надоштанд. Оё аз пӯшидани ҳақиқат дида ситаме бештар ҳаст? Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «