Сураи Фурқон Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 3

وَاتَّخَذُوۡا مِنۡ دُوۡنِهٖۤ اٰلِهَةً لَّا يَخۡلُقُوۡنَ شَيۡـًٔـا وَّهُمۡ يُخۡلَقُوۡنَ وَلَا يَمۡلِكُوۡنَ لِاَنۡفُسِهِمۡ ضَرًّا وَّلَا نَفۡعًا وَّلَا يَمۡلِكُوۡنَ مَوۡتًا وَّلَا حَيٰوةً وَّلَا نُشُوۡرًا‏ ٣

Ваттахазу мин дуниҳи алиҳата-л ла яхлуқуна шай-а-в ва ҳум юхлақуна ва ла ямликуна ли анфусиҳим Зарра-в ва ла нафъа-в ва ла ямликуна мавта-в ва ла ҳайата-в ва ла нушуро. 3.

3. Ва (кофирон) ба ғайри Худо он худоёнеро гирифтанд, ки чизеро офарида наметавонанд ва балки худашон офарида мешаванд ва наметавонанд барои худ на зиёне ва на суде (бирасонанд) ва наметавонанд маргро ва зиндагониро ва на барангехтанро қодир бошанд.

Дар идомаи баҳсе, ки дар ояти қаблӣ гузашт, дар ин оят Худованд мушриконро ба муҳокима кашида гуфтааст, ки мушрикон ғайри Парвардигори олам, ки сифаташ дар ояти қаблӣ гузашт, барои парастиш чӯб, санг, Хуршед, Моҳ, ситорагонро худоёни худ интихоб кардаанд. Ҳол он ки онҳо Худо нестанд, холиқи чизе нестанд, балки худашон махлуқанд. Ҳатто соҳиби суду зиёни худ, соҳиби маргу ҳаёти касе ва қодири аз нав зиндагардонидан ҳам нестанд, чӣ расад ба расидани ҳоли дигарон.

Хулоса, чизе, ки соҳиби ин панҷ сифат

Суд расонидан,

Зиён расонидан,

Миронидан,

Ҳаёт бахшидан

Ва аз нав зиндагардонидан нест, оё шоистаи парастиш аст? Ӯ чӣ гуна шарики Худо шуда метавонад? Чӣ гуна хиради солим иҷоза медиҳад, ки сар ба остонаи ӯ бисоид? Дар ҳамин дунё, ки аз дасти бутҳо чизе намеояд, дар охират ҳам аз дасти онҳо коре намеояд!


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)