Тафсири Сураи Фуркон Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 44
اَمۡ تَحۡسَبُ اَنَّ اَكۡثَرَهُمۡ يَسۡمَعُوۡنَ اَوۡ يَعۡقِلُوۡنَ ؕ اِنۡ هُمۡ اِلَّا كَالۡاَنۡعَامِ بَلۡ هُمۡ اَضَلُّ سَبِيۡلًا ٤٤
Ам таҳсабу анна аксараҳум ясмаъуна ав яъқилун. Ин ҳум илла ка-л-анъами бал ҳум аЗаллу сабӣла. 44.
44. Оё пиндорӣ, ки бештарини онҳо мешунаванд ё бо ақл дармеёбанд? Онҳо ба ҷуз монанди чаҳорпоён, чизи дигаре нестанд, балки онҳо роҳгумкунандатаранд.
Худованд бо ин оят ба Расули Худ (с) аз ҳоли шахсоне, ки зикрашон дар оятҳои қаблӣ гузашт, хабар додааст, ки оё мепиндорӣ, ки онҳо гӯши шунаво доранду суханҳои туро мешунаванд ё ақлашон пурра асту онҳо суханҳои туро мефаҳманд? На! Балки онҳо мисли чаҳорпоянд, ҳаққро намешунаванд, амал намекунанд, балки аз он ҳам бадтару гумроҳтаранд. Зеро аз ҳайвон ба ҷуз наъра задан ё лағад кӯбидан ё корҳои ғайри мантиқиро анҷом додан чизи дигареро чашмдоштан мумкин нест.
Муфассирон гуфтаанд, ки чаҳорпоён Парвардигори худро мешиносанд, барои Ӯ тасбеҳ мегӯянд, ба сӯйи чарогоҳи худ роҳ мераванд, соҳиби худро итоъат мекунанд, ром мешаванд, он чӣ, ки ба судашон бошад, амал мекунанд, аз чизҳои хатарноку зиёнбор мепарҳезанд, зиддият нишон намедиҳанд. Наъузу биллоҳ аз шахсоне, ки аз рӯйи таъасуб саркашӣ мекунанд, бар муқобили дини ҳақ бармехезанд.
Барои маълумоти бештар ба ояти 26-уми сураи «Сод» ва ба ояти 139-уми сураи «Нисо», ба ояти 71-уми сураи «Муъминун»; ба ояти 40-уми сураи «Нозиъот» муроҷиъат шавад. Дар сураи «Аъроф» ояти 172-юм низ ин мазмун гузаштааст.
Дар оятҳои зер Худованд эътибори Пайғамбари Худ (с)-ро ба аҷоиботҳои ҳастӣ ҷалб намудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «