Тафсири Сураи Фуркон Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 45
اَلَمۡ تَرَ اِلٰى رَبِّكَ كَيۡفَ مَدَّ الظِّلَّ ۚ وَلَوۡ شَآءَ لَجَـعَلَهٗ سَاكِنًا ۚ ثُمَّ جَعَلۡنَا الشَّمۡسَ عَلَيۡهِ دَلِيۡلًا ٤٥
Алам тара ила Раббика кайфа мадда-з-зилла ва лав шаа лаҷаъалаҳу сакинан сумма ҷаъална-ш-шамса ъалайҳи далӣла. 45.
45. Оё надидӣ, ки Парвардигори ту чӣ гуна сояро дароз мекунад? Агар мехост, онро дар як ҷой оромида мегардонид, сипас, Офтобро бар вай далелу роҳнамо гардонидем.
Иртиботан ин оят бо оятҳои гузашта, ки дар бораи мушрикон гуфтугӯҳои фаровоне буд, ошкор аст. Зеро дар ин оят низ сухан аз неъматҳои Илоҳӣ ба миён омада ва андешае дар онҳо Худошиносии инсонро ба холиқи худ зиёдтар мегардонад. Ҳоло дар ин оят ва оятҳои зер сухан аз неъмат будани соя, баракатҳои шаб, хоб, истироҳат, рӯшноии рӯз, вазиши бодҳо, нузули борон, зинда шудани заминҳои мурда ва сероб шудани онҳо ва чаҳорпоёну инсонҳо сухан рафта, дар нахустини онҳо Худованд гуфтааст, ки эй мухотаб, ай инсони оқил, оё аҷоиботи санъату қудрати Парвардигоратро надидӣ, чигуна Парвардигори ту сояро густурда (паҳн) кардааст? Боз, онҳоро якнавохт боқӣ намемонаду дар ҳаракат дароварда, аз ҷое ба ҷое нақли макон мекунад! Агар Худованд мехосту бо таври ҳамешагӣ сояро қарор медод, ҳама маншаи фоидаҳои инсонҳо ва наботот ва ғайра аз даст мерафт. Аммо Худованди меҳрубон барои он, ки соя аз ҷое ба ҷое равад, ҳаракати зоҳирии Офтобро сабаби он қарор дод. Чун Офтоб тулӯъ мекунад, сояи ҳама чиз ба тарафи мағриб тӯл мекашад. Чун Офтоб баланд мешавад, инсонҳо ё дигар махлуқот дар сояҳо истироҳат мекунанд. Агар соя ё шаб намебуд, якнавохт рӯзу Офтоби сӯзон идома медошт, маълум аст, ки инсону зироъатҳо зери таъсири ҳарорати Офтоб қарор мегирифтанду месӯхтанду аз байн мерафтанд. Агар офтоб намебуд, инсон ҳаргиз тасаввур намекард, ки дар фасли гармо соя гуфтани чизи роҳатбахш аст.
Хулоса, вуҷуди ин неъмат (соя) аз баракати нур аст. Агар нур намебуд, торикиро шинохта намешуд. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «