Сураи Фурқон Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 46

ثُمَّ قَبَضۡنٰهُ اِلَـيۡنَا قَبۡضًا يَّسِيۡرًا ٤٦

Сумма қабаЗнаҳу илайна қабЗа-н ясӣро. 46.

46. Сипас, сояро ба сӯйи Хеш бо фаро гирифтани осон андак-андак фаро гирифтем.

Тақрибан маънои ояти мазкур дар эзоҳи ояти қаблӣ гузашт. Ҳама медонем, ки ҳангоми тулӯъи Хуршед на якбора, балки тадриҷан сояҳо кӯтоҳ ва то ними рӯз, дар баъзе манотиқ, ки Офтоб болои он мегузарад, ҳатто соя билкул нест мешавад. Дар дигар манотиқ бошад, соя ба ҳадди ақал мерасад. Масалан, дар диёри мо сояи ними рӯз, ки онро сояи аслӣ мегӯянд, дар моҳи саратон барои чизи баландиаш 1 метра тақрибан ним қадам (25-30 см) аст. Чун аз ними рӯз Офтоб ба тарафи ғуруб майл мекунад, сояҳои набуда пайдо ва будагиҳо ба тарафи машриқ тӯл мекашанд. Бо ҳамин тартиб то фурӯ рафтани Офтоб тӯлкашии онҳо идома меёбад. Ин ҳама ҳикмати Парвардигор аст, ки барои манфиъати махлуқот дар ҳама соҳа бо тадриҷ амалӣ мешавад. Агар гузариш аз нур ба зулмат ё билакс ногаҳонӣ мешуд, барои ҳама мавҷудот зиёновар буд.

Хулоса, инсон дар зиндагии худ ба тобиши нур ва ба соя ниёз дорад. Агар рӯйи Замин якнавохт нур мешуд, ҳама чиз месӯхт. Агар соя (торикӣ) доимӣ мебуд, ҳамаро хунуки фаро гирифта мавҷудоти зинда аз байн мерафтанд.

Барои маълумоти бештар ба оятҳои 71-72-73-юми сураи «Қасас» муроҷиъат шавад.

Дар ояти баъдӣ дигар неъмати Аллоҳтаъоло, ки шаб барои истироҳату дигар корҳои махсус аст, баён мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)