Сураи Фурқон Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 49

لِّـنُحْیِۦَ بِهٖ بَلۡدَةً مَّيۡتًا وَّنُسۡقِيَهٗ مِمَّا خَلَقۡنَاۤ اَنۡعَامًا وَّاَنَاسِىَّ كَثِيۡرًا‏ ٤٩

Ли нуҳйия биҳӣ балдата-м-майта-в-ва нусқияҳу мим ма халақна анъама-в ва анасийя касӣро. 49.

49. То бо он шаҳри мурдаро зинда созем ва чаҳорпоёнро ва мардуми бисёреро, ки Мо офаридаем, онро бинӯшонему сероб созем.

Ай мардум, Парвардигори шумо Зотест, ки бо қудрати бе интиҳои Худ пешопеши раҳматаш (борон) шамолҳоро фиристод. Оре! Мардуме, ки аз истеъмоли оби ҷорӣ маҳруманд, дар саҳро зиндагонӣ мекунанд, бо вазидани чунин шамолҳо бисёр хурсанд мешаванд ва умед мекунанд, ки борон меояду онҳоро сероб месозад. Агар шамолҳо намебуд, обҳои бухоршудаи болои уқёнусу дарёҳо ҳама болои ҳам ҷамъ мешуданду борони худро ҳамон ҷо бармегардонданд. Ин раҳмати Худорванд аст, ки ба шамолҳо амр мекунад обҳои бухоршудаи ба абр табдилшударо аз маконе ба маконе мебараду меборанд ва фоидаи онҳо умумӣ шуда боғу роғ, мардуму чаҳорпоёну зироъатҳо аз он оби пок (борон) истифода мекунанд. Агар шамолро Худованд халқ намекард ва ба онҳо амр намекард, ҳаргиз қатраи борон бар сарзаминҳои хушк намеборид ва гиёҳе ҳам намерӯид. Дигар ин ки об худ поку поккунандааст. Бо истифодаи об ҳаргуна чирк ва ифлосиҳо дур андохта мешаванд.

Бо оби борон саҳро ва даштҳои ташналабу пажмурда бо рӯёнидани растаниҳо аз нав хурраму сарсабз мегарданд. Дар киштзорҳо ва боғҳо ҳосили барои инсон ва дигар мавҷудоти зинда лозимӣ рӯёнида мешавад.

Инчунин Худованд обро ҳамчун манбаъи асосии зиндагии инсон ва дигар мавҷудоти зинда халқ карда аст.

Хулоса, яке аз манбаҳои аслии ҳаёт об аст, ба қадри обу борон мардуме мерасанд ва маънои ин оятҳоро шахсоне дурустар фаҳм мекунанд, ки аз каронаҳои дарёву уқёнусҳо ва чашмасорон дур, дар саҳро, таги чодиру хаймаҳо зиндагонӣ мекунанд. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)