Сураи Фурқон Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 50

وَلَـقَدۡ صَرَّفۡنٰهُ بَيۡنَهُمۡ لِيَذَّكَّرُوْا ‌ ۖ فَاَبٰٓى اَكۡثَرُ النَّاسِ اِلَّا كُفُوۡرًا‏ ٥٠

Ва лақад саррафнаҳу байнаҳум ли яззаккару фа аба аксару-н-наси илла куфуро. 50.

50. Ва ҳаройина, (Мо) панд (Қуръон)-ро дар миёни онҳо, то ин ки пандпазир шаванд, гуногун баён кардем. Пас, бештарини мардум ба ҷуз носипосӣ чизеро қабул накарданд.

Дар ояти мазкур ҷонишини «он» истифода шудааст. Муфассирон дар шарҳи мансубияти ин ҷонишин ихтилофи назар доранд. Баъзе гуфтанд, ки ин ҷонишин ба абру боду борон ва дигар нишонаҳои қудрати Худованд ишора мекунад. Баъзе гуфтаанд, ки ин ҷонишин ба Қуръон ишора мекунад. Бинобар фикри соҳиби «Сафватуттафосир» қавли охир саҳеҳтар ба назар мерасад.

Яъне Худованд дар ояти мазкур хабар додааст, ки дар ин Қуръон барои инсонҳо мисолҳои бисёре, панду андарзҳои гуногун ва далелҳо овардем, то онҳо ақл ва хиради худро кор фармоянду андеша кунанд. Ин ҳама мавҷудоти аҷоиб ва гуногуни олами ҳастӣ чӣ гуна пайдо шуд? Ин неъматҳои бешумор: ҳаёт, об, ғизо, гармӣ, рӯшноӣ, хоб, фарзанд ва ғайраро кӣ ато мекунад? Инсонро бо ин ҳама узвҳо ва хислатҳо кӣ офарид? Андеша дар ин бора инсони оқилро танҳо ба як хулоса меорад. Олами ҳастӣ Офаридгори якка ва ягона дорад. Он Аллоҳ аст. Худованди меҳрубон аз лутфу карами бепоёни Худ барои инсонҳо неъматҳои гуногун ва фаровонро ато кард. Аммо бештари мардум ба ин неъматҳои Худованд носипосӣ ва ношукрӣ мекунанд. Ояти зер зиёдати масъулияти Пайғамбар (с)-ро баён мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)