Тафсири Сураи Фуркон Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 51
وَلَوۡ شِئۡنَا لَبَـعَثۡنَا فِىۡ كُلِّ قَرۡيَةٍ نَّذِيۡرًا ٥١
Ва лав шиъна ла баъасна фӣ кулли қарятин-н-назӣро. 51.
51. Ва агар мехостем, ба ҳар деҳа тарсонандае мефиристодем.
Худованд дар ин оят ба мақоми бузурги Расули Худ, Муҳаммад (с), ишора карда гуфтааст, ки чуноне ки боронро байни мардум тақсим кардем, агар мехостем метавонистем мисли ту дар ҳар шаҳру деҳот расулони Худро бифиристем. Вале чунин накардем, балки масулияту ҳидояти ҷаҳониёнро бар дӯши як ҳушёрдиҳандае, ки он ҳам бошад ту (с) ҳастӣ, гузоштем. Ҳоло чун борони раҳмат барои ҳама ҷаҳониён ту (с) Расули Мо ҳастӣ, шоистагии онро дорӣ ва метавонӣ бори ҳамаи расулонро бар дӯши худ гирӣ!
Маълум мешавад, ки Худованд парокандагии умматҳо ва миллатҳоро салоҳ надид, барои ваҳдат (муттаҳидӣ) ҳама мардумро атрофи як пайғамбар мутамаркиз гардонид.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «