Тафсири Сураи Фуркон Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 66
اِنَّهَا سَآءَتۡ مُسۡتَقَرًّا وَّمُقَامًا ٦٦
Иннаҳа саат мустақарра-в ва муқома. 66.
66. Ҳаройина, Дӯзах бад оромгоҳ аст ва бад мақом аст».
Муъминоне, ки худро бандагони Раҳмон медонанд, бо дуъою илтиҷо ва бо шабзиндадорӣ ва бо хондани намозҳои шаб кифоя накарда, илова бар он доимо ва ҳар лаҳза аз гирифтор шудан ба азоби Ҷаҳаннам аз Худованд паноҳ мепурсанд. Зеро онҳо чӣ будани Ҷаҳаннам ва азобҳои аламноки онро аз Қуръону Расул шунидааанд. Тарси азоби Ҷаҳаннам онҳоро водор сохтааст, ки ҳамеша аз Худованд тавфиқу инсофу ҳидоят бипурсанд ва аз корҳое, ки инсонро ба Ҷаҳаннам мебарад, худдорӣ кунанд. Чунки Ҷаҳаннам бисёр макону мақоми бад аст. Дар ҳадиси шариф омада аст, ки Расулаллоҳ (с) ба муъминон таълим доданд, то ин ки баъди намози шом ҳафт маротиб бигӯянд: «Аллоҳумма аҷирни минан-нар». «Бор Худоё! Аз оташи Дӯзах моро наҷот деҳ!». Сари ин мавзӯъ бори дигар дар ояти 76-уми ҳамин сура, иншооллоҳ, боз мегардем.
Ояти зер сифати чаҳоруми бандагони Раҳмонро баён кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «