Сураи Фурқон Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 68

وَالَّذِيۡنَ لَا يَدۡعُوۡنَ مَعَ اللّٰهِ اِلٰهًا اٰخَرَ وَلَا يَقۡتُلُوۡنَ النَّفۡسَ الَّتِىۡ حَرَّمَ اللّٰهُ اِلَّا بِالۡحَـقِّ وَلَا يَزۡنُوۡنَ‌ ۚ وَمَنۡ يَّفۡعَلۡ ذٰ لِكَ يَلۡقَ اَثَامًا ٦٨

Ва-л-лазӣна ла ядъуна маъаллоҳи илаҳан ахара ва ла яқтулуна-н-нафса-л-латӣ ҳаррамаллоҳу илла би-л ҳаққи ва ла язнун. Ва ма-н яфъал залика ялқа асама. 68.

68. Ва ононе ки бо Худо маъбуди дигарро намепарастанд ва ҳеҷ нафсеро, ки Худо ҳаром кардааст, намекушанд магар ба ҳақ ва зино намекунанд ва ҳар кас ин корро бикунад, ба уқубати сахт бархӯрад,

Худованд панҷумин сифати бандагони Худро чунин баён намудааст, ки он касоне шоистаи ин унвони бузург (бандагони Раҳмон)-анд, ки онҳо муваҳҳид (яктопараст)-анд дар ҳеҷ кор ба Худованд чизеро шарик намеҳисобанд ва пеши ҳеҷ кас ғайри Ӯ ё ҳамроҳи Ӯ илтиҷое намекунанд. Чӣ намоз, чӣ закот, рӯза, ҳаҷ, назр, забҳ зиёрат ва ҳама ибодатҳоро барои ризои Парвардигор анҷом медиҳанд. Хулоса, касе, ки зотан муваҳҳид набошад, дар ӯ чунин сифатҳои ҳамида ёфт намешавад, шавад ҳам, барои ғарази шахсист, на ғарази дарёфти ризои Парвардигор. Сифати шашумини бандагони Раҳмон он аст, ки хунеро, ки Худованд рехтанашро ҳаром гардонидааст, ба ноҳақ, намерезонанд. Оре! Касе, ки набошад, инсон аст. Ҳурмати бузург дорад. Дар Ислом гуноҳи касе, ки инсонро ба ноҳақ кушад, гуноҳаш ба он баробар аст, ки гӯё тамоми мардуми рӯйи оламро ба қатл расонидааст.

Дар ҳафтумин сифат Худованд фармудааст, ки бандагоне, ки дараҷаи бандагони Раҳмониро сазоворанд, касоне ҳастанд, ки зино намекунанд. Зеро шахсони зинокор аз рӯйи маъно дар ҳисоби одамкушон дохиланд. Яъне онҳо имконияти фарзандёбие, ки Худованд ба марду зан додааст, бо роҳи ношаръӣ нест мекунанд.

Хулоса, касе чунин гуноҳонро анҷом диҳад, ба ҷазоҳое, ки дар ивази онҳо таъин шудааст, дар охират рӯ ба рӯ мешавад ва ба уқубати душвор бархӯрдор мегардад ва оқибати кори ӯро Худо медонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)