Сураи Фурқон Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 69

يُضٰعَفۡ لَهُ الۡعَذَابُ يَوۡمَ الۡقِيٰمَةِ وَيَخۡلُدۡ فِيۡهٖ مُهَانًا ٦٩

ЮЗоъаф лаҳу-л-ъазабу явма-л-қийамати ва яхлуд фӣҳӣ муҳана. 69.

69. Рӯзи қиёмат азоби ӯро дучанд карда шавад ва он ҷо хоркардашуда ҷовид монад.

Он се гуноҳе, ки дар ояти қаблӣ зикр шуд, ниҳоят гуноҳи бузурганд. Аз ин рӯ Худованд дар ин оят аз ҷазои онҳоро хабар дода гуфтааст, ки азоби касоне, ки муртакиби ингуна гуноҳҳо мешаванд, дар қиёмат чандон аст ва бо хории ҷовидона дар азоб хоҳанд монд. Наъузу биллоҳ. Муфассирон гуфтаанд мушрику кофир бе ягон қайду шарт дар Ҷаҳаннам абадӣ боқӣ мемонанд. Аммо сабаби дар Ҷаҳаннам доимо боқӣ мондани қотилу зонӣ он аст, ки эҳтимол дар чунин ҳолат онҳо аз дунё беимон рафта бошанд. Барои фаҳмидани маънои ояти мазкур ба ояти 93-юми сураи «Нисо» муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.

Ояти зер умуман барои ҳама хусусан барои гунаҳгорон ташвиқ аст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)