Тафсири Сураи Фуркон Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 70
اِلَّا مَنۡ تَابَ وَاٰمَنَ وَعَمِلَ عَمَلًاصَالِحًـا فَاُولٰٓٮِٕكَ يُبَدِّلُ اللّٰهُ سَيِّاٰتِهِمۡ حَسَنٰتٍ ؕ وَكَانَ اللّٰهُ غَفُوۡرًا رَّحِيۡمًا ٧٠
Илла ман таба ва амана ва ъамила ъамалан солиҳан фа улаика юбаддилуллоҳу саййиатиҳим ҳасанат. Ва каналлоҳу Ғафура-р Раҳӣма. 70.
70. Магар он касе, ки тавба кард ва имон овард ва амали шоиста ба ҷо овард, пас, онҳо ҷамоъатеанд, ки Худованд бадиҳои онҳоро ба некиҳо табдил мекунад ва Худованд омурзандаву меҳрубон аст.
Қуръон китобест иборат аз сухани Худо. Худованд ҳеҷ гоҳ барои гунаҳгорон роҳи бозгаштро набастааст ва ҳамеша гунаҳгоронро ба тавба ташвиқ намудааст. Яъне оё аз мазмуни ояти қаблӣ чунин фаҳмида мешавад, ки гунаҳгороне, ки зикрашон дар он гузашт, аз афву мағфирати Худованд ноумед шаванд? На! Ноумед нашаванд, зеро Худованд фармудааст, ки ҳар касе дар ин дунё тавба кунад, имон орад, мувофиқи тақозои имон амалҳои солеҳро анҷом диҳад, дигар ба чунин гуноҳҳо даст назанад, онҳоро бад бинад, пушаймон бошад, аз зикри онҳо шавқ набараду безор бошад, агар ба ёдаш оянд, шармаш ояд, оби чашм кунад, он ҳолатро барои худ гумроҳӣ ҳисобад, ҳозира роҳашро ақлану қалбан ҳидоят шуморад, дар чунин сурат ваъдаи Худованд аст, ки саййиоти (бадиҳои) чунин шахсро ба ҳасанот (некиҳо) бадал мекунад. Зеро Худованд ҳамвора омурзандаву меҳрубон аст. Кофироне, ки имон меоранду мусалмон мешаванд, таҳти башорати ояти мазкур дохиланд. Барои маълумоти бештар ба ояти 114-уми сураи «Ҳуд» муроҷиъат шавад.
Дар ҳадиси шариф бо ривояти Имом Табаронӣ омадааст, ки Абӯфарва (р) ном саҳобӣ назди Расулаллоҳ (с) омада пурсид, ки ё Расулаллоҳ (с), шахсе, ки тамоми гуноҳҳои хурду калонро карда бошад, метавонад тавба кунад? Дар посух Расулаллоҳ (с), гуфтанд: «Оё ӯ ба ислом даромадааст?». Абӯфарва гуфт: «Бале! Дар ислом даромадааст». Расулаллоҳ (с) гуфтанд: «Амалҳои хубро анҷом деҳ, аз корҳои бад даст каш, Худованд ҳама он чӣ гузашт, ба ҳасанот бадал мекунад». Боз Абӯфарва гуфт: «Агар фиребгарӣ ва расо бадкорӣ карда бошад-чӣ?». Расулаллоҳ (с) дар посух «Ҳа» гуфтанд. Абӯфарва такбир (Аллоҳу Акбар!!!) гӯён ба қафо баргашт, чунон такбирро бо такрор мегуфт, ки то аз чашми мардум ғоиб шудан, такбир гуфтани ӯро шунида мешуд. Ба сабаби тавбаву истиғфор ва бо иҷрои амалҳои нек, ҳатто гуноҳҳои гузашта ба ҳасанот табдил мешаванд. Инро ояти зер низ таъкид кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «