Тафсири Сураи Фуркон Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 74
وَالَّذِيۡنَ يَقُوۡلُوۡنَ رَبَّنَا هَبۡ لَـنَا مِنۡ اَزۡوَاجِنَا وَذُرِّيّٰتِنَا قُرَّةَ اَعۡيُنٍ وَّاجۡعَلۡنَا لِلۡمُتَّقِيۡنَ اِمَامًا ٧٤
Ва-л-лазӣна яқулуна Раббана ҳаб лана мин азваҷина ва зурриййатина қуррата аъюни-в ваҷъална лил муттақӣна имама. 74.
74. Ва ононе ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, аз занони мо ва аз фарзандони мо моро равшании чашм бибахш ва моро пешвои муттақиён қарор деҳ».
Ёздаҳумин сифати бандагони маҳбуби Худои Раҳмонро Худованд чунин баён намудааст, ки муъминони ростин касонеанд, ки барои тарбияи хонавода бахусус барои фарзандони худ масъулияти фавқулодда нишон дода, барои онҳо пайваста аз даргоҳи Худованд дар дуъои худ мегӯянд, ки Парвардигоро, аз ҳамсарону фарзандони мо ба мо он деҳ, ки мояи равшании чашмони мо ва мояи суруру хушҳолии мо шаванд. Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расули Акрам (с) фармудаанд: «Чун инсон вафот кунад, амали вай ба ғайр аз се чиз қатъ мешавад.
1-ум садақаи ҷория,
2-юм амали судбахш,
3-юм фарзанди солеҳе, ки дар ҳаққи вай дуъо мекунад».
Барои маълумоти бештар гирифтан оиди тарбияи ҳамсару фарзанду авлод ба ояти 6-уми сураи «Таҳрим» муроҷиъат шавад.
Дар баёни дувоздаҳумин сифати барҷастае, ки бандагони холис доранд, Худованд чунин гуфтааст, ки онҳо бо он чӣ дуъо карданд, қонеъ нашуда, балки бо ҳиммати баланд иловатан мегӯянд: «Парвардигоро! Моро имому пешвои парҳезгорон қарор деҳ!». Оре! Ин яке аз сифатҳои мумтози шахси муъмин аст.
Хулоса, бандаҳои Худои Раҳмон гӯшанишинӣ намекунанд, то танҳо гилеми худро шӯянду мусаффо кунанд, балки онҳо ҷаҳду талош мекунанд, то шахси ғарқшударо наҷот диҳанд. Аз ояти 63-юм то ояти 74-ум, дар баъзе тафсирҳо аз нуҳ то 12 – 14 сифати ин бандагони барҷаста зикр шудааст. Валлоҳу аълам.
Дар ояти зер подоши онҳоро ёдрас карда, Худованд чунин гуфтааст…
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «